Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яъқуб!» аз дами тиреза фарёд зад Ниёз, вале намебаромад, ки ҳоло корҳо тахт нашудааст...
Маликбойро аз пушти дарвоза гирифтанд, табақаи дигари дарвоза ҳам кушода шуд...
...Касе надидааст, ки Маликбойи каландришро Ниёз кушта бошад. Бо вуҷуди ин вақти аз дарвоза баромадан ба ў дарафтиданд.
Агар казакхо намебуданд, аз дасти ёрони Ниёз коре намеомад.
Мардум сахт ғирев карда омада буданд ва аспон аз байнашон базўр мегузашт, чунон ки пиёдаю савора ба бузкашӣ даромада бошанд.
Ҳама: ҳам казакон ва ҳам Ниёзу ёронаш то назди телефонхона рафтанд. «Кӣ хабар дода бошад?» аз дил гузаронд Ниёз ва ба Яъқуб, ки дар паҳлўяш буд рў овард:
— А! Шумо куҷо будед?
— Мо рафтем, дарвозаҳо қуфл буданд... Таку боло задем, ба Женя гуфтем, ки ба Панҷакат телефон кунад...
— Ҷим! – ангушт ба лаб ниҳода хоҳиш кард Ниёз, – Ҳеҷ кас ин чизро нафаҳмад, ки рўзи Женя сиёҳ мешавад.
Ҳамин вақт худи Женя баромада омад. Рангаш канда буд.
Мўи маллааш парешон. Сар меҷунбонд: «Мирзониёз, бахтат хандид...»
— Ман як умр аз ту қарздор, Женя.
— Чӣ хел қарздор?
— Инро худам медонам, ягон рўз мегўям...
— Мирзониёз, ман медонистам, ки казакон меоянд, вале ба ин соат омаданашонро намедонистам.
Фурсати воҳима гузашт, корҳо басанда шуданд, Ниёз аз дами марг гашт. Ва ҳамин ки Женя чунин суханро гуфт, бадани Ниёз ларзид. Вай ларзаи баданашро боздоштанӣ мешуд, то касе огоҳ нашавад, аммо намешуд. Як боди хунук ба танаш ҷо шуда, ўро меларзонд: дасту по, баданаш ба ларза даромада буд, манаҳаш меларзад, дандон ба дандон мезанад. Дандон ба ҳам мефишорад, ки ларза боздорад, намешавад; ҳарф зада наметавонад. Як нафас дандон ба дандон мегузорад, вале боз дур шуда шарақ-шарақ садо медиҳанд. Ҳаракат мекунад, ки аз ҳолаташ касе пай набарад, вале ларзиши баданаш ба нияташ мувофиқ намеояд. Раҷабу Яъқуб аз вазъу ваҷоҳати ёронаш огоҳ шуда, наздаш омаданд ва аз ду бозуяш сахт доштанд, то наафтад. «Тарсидӣ, Мирзониёз?» пурсиданд онҳо. Ў сар ҷунбонд, ки натарсидааст. «Хунук ме-ху-ра-ам» гуфт ў. Маълум. Ў ба Самарқанд рафта наметавонад. Бозпас бояд ба Киштўд бираванд. Вале Ниёз мехост, ки ба Самарқанд рафта натавонанд ҳам, бояд ки отряди казакҳо муддате чанд бошад, то аз онҳо маслиҳат пурсида, илоҷи корро ёбад, вагарна ғузориҳо, махсусан бойҳои он ҷо, ўро ба ҳоли худ намемонанл.

пешина
аз 279
навбатӣ