Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Дар берун миш-миш баландтар шуд... Калиди дар садо баровард. Дар нимроғ шуд ва касе дар торикӣ чизеро надида сар халонда буд, ки Ниёз бо машъали сўзон ба рўяш зад. «Воҳ!» ў низ садо баровард ва боз дар пўшида шуд... «Ёрони ман чӣ кор мекунанд? Наход касе пайдо нашуд, ки ин хабарро ба онҳо расонад? Наход Раҷабу Яъқуб фаросат накарданд, ки ман дар ягон ҷо ин хел дер намекардам, чӣ шуда бошад? Ё онҳо ҳам аз ман безор шуда бошанд?.. Ман ин хел бепарво набудам...»
Аз афти кор якбора мағал карда даромаданӣ буданд, ки дар кушода шуда, се-чор кас сар намуданд. Ниёз дид, ки дигар илоҷе нест, ба сари ғунчаи онҳо тир паронд. «А-а-а!» садо кард яке ва боз дар пўшида шуд. Касе аз тиреза худро дарун гирифт. Ин ҳам тўъмаи тир шуд...
Берун мағал шуд. Сахт мағал шуд. Чунон ки дастаи ғоратгарон тохт оварда бошанд. Қиючуи занон, фарёди кўдакон ва дашноми мардон мебаромад. «Даро, зудтар сари ўро бигир!..», «Ўро ба кўрдуд кушта наметавон...», «Аз дасти шумо ҳатўлҳо бало ҳам намеомадааст, ба умеди шумо шудам...» «Ин чӣ мағал аст?», «Казакҳо, казакҳо тохт оварданд».
«Казакҳо?» сухани онҳоро шунида ба худ садо кард Ниёз ва оҳиста аз тиреза нигарист, як тир ғингӣ аз буни гўшаш гузашт.
Ў худро пас кашид, хам шуда он бари тиреза гузашт, ки аз он ҷо дарвоза метофт, вале аз казакҳо касе наменамуд. Ҳама мағал дар ҳавлии берун буд. Мазмун, Аҳмадбой ҳавлии дарунро нишон намедод ва шояд ҳавлии каси дигар мехонд. Дар пушти дарвоза мисли як кундаи дарахт, ки муттако гузошта бошанд, Маликбой меистод, аз рафтораш дарвозаро кушодан намемонд. Ба чашми Ниёз фақат Маликбой метофт, ки аз роғи дарвоза дар ҳавлии берун чӣ воқеа рўй доданашро медид. Садоҳо паст шуданд, ба назар дили казакон ва шояд ҳамраҳони Ниёзро ҳам пур карданд, ки хомўшӣ ба миён омад. Маликбой китфонашро бардошта, аз ду тарафи гиребони ҷомааш дошта, кашида ба танаш мувофиқ ва баргашта ҷониби тирезаи Ниёз истода нигарист, як пас омаданӣ шуд ва боз аз роғи дарвоза нигарист. Хандид. Ниёз фаҳмид, ки масъала ба фоидаи онҳо ҳал мешавад, бетоқат шуд. «Ба онҳо фаҳмонидаи лозим, ки ман дар ин ҷо ҳастам» аз дил мегузаронд Ниёз ва ҳамин вақт касе аз ёрони ў хавф бурд, ки садо дардод:
«Ниёз, Мирзониёз!» Маликбой безобита шуд ва ҷониби тиреза нигарист. Ниёз ба ҷои ҷавоб ба Маликбой тир баст. Маликбой фарёд зада пушти дарвоза афтид. Дарвоза кушода шуд. Маликбой пушти дарвоза афтида намегузошт, ки як табақаи дарвоза кушода шавад. Казакҳо савора ба ҳавлии дарун даромаданд. Зери тирезаи хонаи Ниёз истода машъал дуд мекард, аз тиреза дуд ба берун сар мекашид. Раҷабу Яъқуб низ миёни казакон буданд. «Ман ин ҷо, Раҷаб!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор