Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баракс-ку, кори дунё чаппа будааст-ку, ҷои он ки ин рўбаҳон ба кўрдуд афтанд, маро... Магар ин хонаи Аҳмадбой нест? Магар ин шолу кўрпаи ў нест? Чаро ин чизҳоро оташ заданист? Чаро ман миёни хонаи ў сўхта мурам? Нафас гашта мурам? Ҳаром мурам?..»
Ин замон машъали фурўзони дигаре миёни хона зад ва месўхт.
Ниёз пай бурд, ки машъали аввал тасодуфан мурда будааст. Акнун илоҷи хомўш кардани онро меҷуст. Вай як бор ба дар гўш дод, ки садое меояд ё не, сонӣ ба тиреза ба як гўшаи чашм нигарист, ки то рўяш ба берун ианамояд, ки тире ба ҷонаш нахўрад...
«Ин чи тадбир аст?» аз худ мепурсид ў. Машъали аввал дуд мекард, машъали дигар месўхт, вай кўрпачаро оташ гиронд; бўи латта баромад. «Барои чӣ Аҳмадбойи хасис ин қадар барои худ зараргорӣ мекунад, магар аз марги ман ба чизе умед дорад? Наход, ки барои пайдо шуда кас хонаи худро оташ занад?.. Не-е...» оҳиста садо баровард ў. Пас хулоса кард, ки ба тамоми овоз дод зад:
— Не!.. Не!.. Аз мурдаи ман ба ту фоидае намерасад!.. Мурдаам ҳам бароят марг аст!..
Вай хост ба тиреза рафта сари сина дамонда ба тамоми овоз дод занад, аввал тири ғазаб ва баъд тири таппонча ба дилу ҷигари Аҳмадбой занад, вале забона зада сўхтани машъалу кўрпа ўро ба худ овард. Вай хам шуда лаби шолу кўрпаро ба рўи оташ гардонд ва алангаро хомўш кард, вале кўрпа, шол ва латтапораҳои ба чўб машъал баста безабона месўхт; дуд мекард. Хона пури дуд шуд, Ниёз худашро намедид. Фақат тиреза ва ҳавои кушоди берун равшанӣ мекард.
Димоғаш аз дуди ғализ сўхта нафасаш мегашт. Чашмони дудсўзашро молида, аз лаби шол дошта кашид ва боз лаби шолу кўрпачаи кадкардаашро гардонда машъали хомўши пурдудро гирифта аз тиреза берун андохт, дигарашро ҳам, сонӣ кўрпачаро, баъд шолро ва дигар чизҳоро, ки ҳоло ба онҳо оташ нарасида буд, аз гўшаашон кашида дар кунҷи паҳлўи дар ҷо кард. Аз берун паст-паст машварат кардани касоне шунида мешуд... Боз машъали фурўзоне ба рўи фарш бархўрд ва оташаш паст шуду аз нав аланга зад. Хонаи дудпахшкарда аз шунаҳи машъал андаке равшан гашт.
Ин дафъа бўи бади равған ба димоғаш ғализтар расид. Чашмонаш сахт ба сўзиш даромаданд. Вай ин дафъа барои машъалро гирифтан он қадар ҷуръат накард; зеро шолу кўрпачаҳоро пеш кашида ғундошта буд ва барои машъалро гирифтан миёни хона шудан лозим меомад. Чашмонаш чунон месўхтанд, ки обравон шуданд. Фақат андаке болои фарш камдуд буд ва Ниёз ба замин пахш шуд, ки камтар ба чашмаш дуд расад. Ва ҳамон зайл зери дуд лағжида аз дастаи машъал гирифт ва садои тир баромад, гўё дар торикии пурдуд таваккалӣ паронда буд. «Воҳ!» Қасдан садо кард Ниёз.

пешина
аз 279
навбатӣ