Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Оромии берун чандон оромие нест, ки касро аз ташвиш ва андеша вомедошта бошад. Ин оромӣ мисли дамӣ ва гармиест, ки пеш аз боридани борон ба миён меояд. Чунин вазъияти ҳаво ҳоло дар гулўи Ниёз пайдо шудааст, ки кафам-кафам мегўяд; як дона, як донаи сахт, ки на фурў бурда мешавад ва на шикаста. Ва инак худаш дар чунин ҳолат аст, ки мисли дона дар гулў бозмондааст, на берун меравад ва на осуда мегардад.
Касе ногаҳон калтак бар тиреза зад ва шишаҳои он фурў рехтанд. Чунон сахт зад, ки саҳл монда буд, шишаи асаби Ниёз низ шиканад. Ниёз натарсид, зеро вай ба ин чиз омода шуда буд, вале яқин кард, ки интиҳои кор аст; рўзи кўтоҳи умри сағир. Ў худро дар кунҷе гирифт, ки ҳам аз чашми тиреза ва ҳам аз даҳони дар якбара буд ва баробари кушода шудани дар ўро касе намедид.
Ё аз тиреза офате дарун шавад, ба ў намерасид. Таппонча дар дасти рост ва шоф дар дасти чап Ниёз омодаи ҳар ҳамла буд.
Фақат як дилпурӣ дошт, ки дар чунин вазъият ба ў тир намерасад... Лекин ин рафтор барои чӣ, ў ҳайрон. Ў ба Маликбой ё Аҳмадбой бадие накардааст, аз даҳони онҳо луқма набурдааст; ҳарчанд ки ин кор аз дасти ў меояд ва бенавоии мардумро дида, чунин рафтор карданаш убол не, балки савоб аст. Гўё ки касе аз гулўи Ниёз гирифта, хафа мекарда бошад, сиёҳ шуд, сиёҳтар шуд, чашмонаш аз хонаашон барҷастанд ва андаке сиёҳӣ ҳам заданд, ки барои марди ҷасур ва зирак шоиста набуданд. Ин чизро худи ў пай бурд; аз хирагии чашмонаш пай бурд, ки тирезаро низ мисли девор сиёҳ медид. «Агар ҳамин вақт дарро кушода дароянд...» аз дил гузаронд ў ва дар чашм, дил ва мағзаш равшание пайдо шуд.
Ў сар афшонд; пардаи сиёҳи пеши чашмаш гўё афтид, аз тиреза равшанӣ медаромад, хона низ равшан буд. «Ҳамин будааст одамаш, дамаш... Як нафас, як мижабандӣ, як оҳ... Беҳуда, ҳамааш беҳуда: ғаразаш беҳуда, бухлу ҳасудаш беҳуда, қасду қасосаш беҳуда...». Акси шуое аз тиреза ба девори хона бархўрд; акси шуои оина не. Дарозтар, шояд акси шофе бошад ё шамшере. Дар тақӣ кард, баъд садои калид баромад, ки ба қуфл ҷо мекарданд. Ниёз қуфлро дид кард, ки тир занад ва он чунон вайрон шавад, ки ҳаргиз кушода натавонанд, магар шикастани дар. «Ҳайф мешавад, як тир – марги як душман.» Баъд, магар барои имтиҳон будааст, ки садои калидгардонӣ набаромад. Ниёз аз интизорӣ ва фишори асаб монда шуд. Такя ба девор дод.
Як машъали фурўзон ба рўи хона афтод... Ҳамон лаҳза хомўш гашта дуд кард, Ниёз нафаҳмид, ки ин чӣ нағма аст? Ҳамин тавр бояд мешуд? Ва ё тасодуфан оташ хомўш гашт? Чунин ҳиларо намедонист. Лекин шунида буд, ки рўбоҳро кўрдуд карда мекушанд.
Вале ин коре ки бо вай мекунанд, чӣ маънӣ дошта бошад? «Ман чӣ рўбоҳие карда бошам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор