Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Мешавад, нағз, бой-тағо.
— Хайр, хуш омадан, – гуфту бой баромад.
Хона хомўши хомўш шуд. Ба назари Ниёз торик ҳам шуд:
ё пеши офтобро абр гирифт ва ё ба тирезаҳо парда кашиданд.
Хомўшӣ, Маликбой ҳам чизе намегўяд.
— Бой-амак, меҳмонҳо куҷо? – тоқат накарда пурсид Ниёз.
— Ман ҳам ба ҳамин ҳайрон, – абрўвонашро мисли мор каҷокилеб карда китф дарҳам кашид Маликбой.– Як хабар гирифта биём-чӣ...
— Якбора омин кунед, хезем, ман раҳи дур меравам...
— Як дам, – даст барои осоиш боло бардошта хест ва назди дар рафта ё аз хавф ва ё барои дидани Ниёз, ки нишастааст ва ё ягон ҳаракат дорад, (бештар аз тарси таппончаи ў) баргашта нигарист ва «ҳозир» гуфта аз дар баромад.
Ба гўши Ниёз расид, ки баробари аз дар баромада дарро пўшидан калиди дар тоб хўрд. Гумон кард, ки мўи сараш тоқию дасторро бардошт. Парида хест, назди дар рафта оҳиста тела дод, ки ноҷунбон аст. Сар боло карда ҳайрон монд ва сонӣ сар ба зер афканда ба андеша рафт. Ва мисрае, ки бобо ҳар вақт мехонд: «Ба дому дона нагиранд мурғи доноро» ба ёдаш омад, вале намедонист, ки чӣ хел ў ба дом афтид.
Ў таппонча ба даст гирифт, ки ҳар кӣ дарро кушояд, мили онро ба пешонааш рост мекунад. Вале чунин интизории ў дер кашид ва Ниёз асабӣ, зиқ ва дилгир шуд. Вай мехост дар кўбад, тиреза шиканад, вале таҳаммул дошт, ки чӣ балое пеш меояд.
Дилаш аз таппонча ва шофи дар камарбанд овехтааш пур буд ва хаёл мекард, ки рафту тангие ба миён ояд, яроқҳояш метавонанд мадад расонанд. Ниёз ба тиреза наздик омад, ба берун нигарист, ки чӣ аломате бошад... Касе ё чизе зери тиреза мегузашт, ки барги хазонро пахш кард ва садои шикастани он шунида шуд. Як сар хам шуда гузашт, сари дигар низ... Сару тани Ниёзро арақ тар кард. Ба назараш, ки гирди хонаро гирифтанд. Садои хиш-хиши акка, парешонии бобо ва таъбири ёрон ёдаш омаданд. Бобо беҳуда нагуфта будааст, беҳуда натафсида будааст. Медонад пирамарди рўзгордида; ҳамаи ин чизҳоро санҷидааст: кадом бод чӣ меорад, ҳамаашро медонад... Ба назараш ки гирдогирди хона метозанд, дару тирезаҳоро посбонӣ мекунанд, то ў баромада нагурезад.
«Наход ки ҳамааш ҳамин бошад? Наход ки дунё барои ман охир шуда бошад?.. Умеди барбодрафта... Сақир рўз бинад, рўзҳо дароз мешавад, мегуфтанд, вале барои ман ниҳоят кўтоҳ омад... Хайр...
Маликбойи рўбоҳ, коратро кардӣ... Ақаллан Умар калон мебуд, қасдро меситонд. Бобо-пир, Ширбадан-оҷиза... Ҳайфсад ҳайф...»
Ниёз андеша мекард, вале намедонист, ки бойҳо дар чӣ фикранд ва мурод аз чунин рафторҳо чист... Берун боз хомўштар шуд. Гўё ягон ташвиш не, ягон ният, қасд ва бадхоҳие нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор