Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфт. Ниёз зуд пай бурд, ки ин ҳам аз он мурғонест, ки забони ҳамдигарро мефаҳманд.
— Бой! Мирзониёз омаданд ба хонаи шумо, – шинос мекардагӣ барин гуфт Маликбой.
— Хуш омадан, хуш омадан... дар қадамошон ҳасанот...
— Ин хел нагўед, бой-тағо, – барои он ки муроҷиаташ ба ин кас ҳам як хел набошад, «тағо»-ро кор бурд ва баробари даст бурдан гумон кард, ки бой зери остин мор дорад. Чашмони бой низ тез буданд ва нигоҳаш хор барин ба чашмаш халиданд.
— Марҳабо, марҳабо, – ҳавлии дарунро нишон дода гуфт Аҳмадбой.
— Миннатдор, бой-тағо, ҳоло меҳмононатон наомадаанд, то омаданашон рафта як даҳан ба шариконам гуфта оям, ки ман дар ҳавлии бой-тағо...
— Ҳай-ҳай, ташвиш накашед... Ман ҳозир бачча мефиристам, онҳоро гирифта меоранд.
— Бой-амак, бой-тағо... онҳо намеоянд... гушна ҳам монданд, то ман наравам, онҳо чизе намехўранд...
— Ҳай-ҳай, ҳозир ман чиз мефиристам...
— Ташвиш накашед, бой-тағо.
— Ташвиш-пашвиш не, наход ки барои шумо барин кас ташвиш бошад, – табассум карда гуфт Аҳмадбой.
Рафторҳои Аҳмадбой ба дигар бойҳое, ки Ниёз медонад, монанд, вале тарзи ҳавлию ҳарам карданаш танҳо ба Равшанбой мемонад. Ҳавлии дарун-берун, сарҳавз ва оби ҷўи равон. Вале нишонаҳое низ ҳастанд, ки ин ҳавлиҳоро аз ҳам фарқ мекунонанд; як гўшаи хавлии даруни Равшанбой (ҳамон вақт) токзор, аммо ҳавлии Аҳмадбой себзор, ки аз аввали тобистон то танги тирамоҳ себи баҳорӣ, пахтасеб, исканасеб, кулчасеб, себи миёнсол, себи тирамоҳии ширин мехўранд. Аввал Аҳмадбой себҳои таърифиашро ба Ниёз нишон дод ва ишора ба шохи дарахт кард, ки чӣ хел замбўру гунҷишкон себҳои сурхро кома карда хўрдаанд.
«Барои ширин буданаш мехўранд» аз нигохи Ниёз маънӣ кашида гуфт Аҳмадбой, то хотири ўро ҷамътар дорад, вале парешонии пагоҳинаи бобо аз лавҳи хотири Ниёз дур намерафт.
— Марҳабо, марҳабо!– боз хоҳиш кард Аҳмадбой, вале ин ҳарфи ба дили Ниёз зада чунон ба ў сахт расид, ки гўё як сўзани ниҳоят борик аз мағзи сар то мағзи дил сўзонда гузашт.
— Бисмиллоҳи раҳмони раҳим! – пой аз остона дарун монда садо баровард Маликбой ва боло гузашта рўи кўрпачаи муқаррарӣ, ки на барои меҳмон густурда бошанд, нишаст. – Омин, қадам нек, бало дур, оллоҳу акбар, – даст ба рўй кашид Маликбой.
— Хуш омадан, хуш омадан, нури дида тоҷи сар... Мирзониёз, болотар гузаред...

пешина
аз 279
навбатӣ