Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

А? Чӣ гуфтӣ? – ба андеша кардан нагузошта ҷавоб гирифтан мехост Маликбой.
— Намедонам, – китф дарҳам кашид Ниёз, – бо шариконам маслиҳат накардаам. Мо сафар дорем, бой-амак, шуморо як дида гузарам гуфтам. Кайҳост, ки Власовро падидаам.
— Миннатдор, Мирзониёз, ман медонам, ки ту одами дурандеш ҳастӣ ва ҳеҷ гоҳ онҳое, ки барои ту хизмате кардаанд, аз ёд намебарорӣ. Барои инаш ҳазор раҳмат. Лекин гапи онҳоро гардондан ҳам хуб нест.
— Магар ман гапи шуморо гардондам, бой-амак?
— Не-ю... Набошад, гард, як сари қадам. Гапашонро гир, сонӣ ҳар куҷо равӣ, ихтиёрат... Ахмадбой одами бад не. Якум набошад ҳам, дар Ғузор каси дуюм аст. Бо ин хел касони обрўманд равуо кардан, маслиҳату машварати онҳоро гирифтан зарар надорад.
— Набошад, як даҳан гўям...
— Мирзониёз, вақт ғанимат. Сафар дорам мегўӣ, то меравию меоӣ, ки... Ман бачча мемонам, рафта хабар медиҳад... Шариконат сабр мекунанд, медонанд, ки ту дар хонаи дилпур ҳастӣ...
«Хиш-хиш!» садои шуми акка ба гўшаш омад. «Не, бой-амак, раҳи сафар ба ягон ҷо даромадан хуб нест. Боз ман як мехмони нохонда барин...»
— Чӣ хел! Магар сухани ман қурб надорад?
— Не, ин хел не, бой-амак...
— Сухани ман қадр дошта бошад ва ҳурмати падарию писарӣ гўӣ, сари қадам меравем... Баъд дигар ту маро амак нагўй, «бойдада» чӣ бадӣ дорад?
Ниёзи зирак ва якқавлу якрой сухани Маликбойро гардонда натавонист...
Хонаи Ахмадбой дар паҳлўи сарҳавзи канори роҳи поён буд.
Ва Ниёз вақтҳои «ятими» дари Маликбой буданаш ба ин ҳавлӣ омада мерафт, фармудаҳои бойро ба ҷо оварда, гоҳ-гоҳ барои чизеро мондан ва ё чизеро гирифтан аз дарвозаи нақшини ў медаромад, вале ягон бор ба назараш ҳавлии ў ин зайл васеъ, холӣ ва воҳиманок нанамуда буд. Маликбой «меҳмон дорад», гуфта ўро овард, вале чунон менамуд, ки дар ин ҷо ҷонзоде набошад.
— Бой! – садо дардод Маликбой. Вале ҷавоб наомад.
Ниёз ҳайрон буд. Тамоман ҳайрон, ки барои чӣ соҳибони хона наметобанд, касе меҳмонро мунтазир нест, ҳатто ба фарёд ҳам пайдо намешаванд. Вай хост баргашта баромада равад, ҳатто чунон ғайб занад, ки Маликбой куҷо шудани ўро надонад.
— Бой! – боз садо кард Маликбой аз пушт, ки дар он ҷо ҳавлии дарун будааст, касе «ҳўҳў-ҳў!» садо дода баромад ва баробари онҳоро дидан баодобона даст пеши бар гирифта «Марҳабо, марҳабо!»

пешина
аз 279
навбатӣ