Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Худи ҳамин пагоҳ як ходиса шуд, ки ба ҷуз арўсак касе онро намедонад. Ҳатто Ниёз, ки аз паси девор савори Саманд гузашт, ўро надид; вай дар паси девор буд, аз буни дарахти тут ба Ниёз менигарист. Дилаш пур-пури садо буд, ки фарёд зада ва ё оҳиста бо назокат овоз бароварда худро ба Ниёз нишон диҳад; ҳамин қадар кор кунад, шуд. Ниёз бинад ўро, мешиносад – духтари амакаш Маҳтобро мешиносад. Маҳтоб даҳон пур кард ва боз аз овозаи мардум тарсид, Тарсид, ки рафту овозаи ба Маҳтоб ёр шудани париро Ниёз шунида бошад, вайро ҷинӣ гумон карда ва ё аз овозаи париҳои ў тарсида, нигоҳ накарда меравад. Маҳтоб дар паси девор ноумед монд, чунон ки дар дами дарвозаашон ба баҳонаи дами дарвозаро рўфтан ҷорўб бароварда буд. Аз азми арўс касе огаҳ нест, вале аз он ки ба ў парӣ ёр шудааст, ҳама хабар доранд, аз он ки шаҳро ба наздаш намегузорад, обрав медонад... Ҳо, ин чизро Ниёз ҳам фаҳмидааст. Аммо аз он ки Маҳтоб азми дидори ўро кардааст, бехабар монд.
Раҳ дур. Касро хаста мекунад, вале гашти Саманди хушхиром ба ў ҳаловат мебахшад. Чунон меравад, ки оби равон бошад; лўк-лўк надорад, бардорузан намекунад. Савораш намеҷунбад.
Қас бадиққат нигоҳ кунад, мебинад, ки аз зону поён-чаҳор дасту пояш қату рост мешаваду танаш якзайл меистад ва ноҳамвориҳоро чунон мегузарад, ки савораш намефаҳмад. Рафту ин ҷонвар танҳо ба сафар барояд, саворашро аз чунин гашти равон хоб мебарад. Вале ҳоло садои суми аспони дигар, сўҳбати саворони онҳо намегузорад, ки Ниёз пинак равад. То ин дам ў ба роҳ бадиққат менигарист, тарҳу нақша мекашид, хомчўт мекард. Вале ҳоло аз гашти ҳамвори Саманд бошад, ки хаёлаш ба «хиш-хиш»-и нобаҷои акка рафт. Ва худ ба худ таъбир мекард, ки чӣ хосияте дошта бошад ин садои нобахангом.
— А? Чӣ хосият дорад хиш-хиши акка? – баъди ҳикоят кардани воқеаи субҳона аз ёрон пурсид Ниёз.
— Аккаро намедонам-ку, чуғз «чуғ!» гўяд, бад аст, – барои тасаллӣ буд ва ё содагўӣ буд, ки овоз баровард Раҷаб.
— Ҷонвар-дия, аз ягон чиз ҳаросида садо додааст, – ин ҳам аз рўи тасаллӣ буд ва ё таъбирашро намедонист, ки гуфт Яъқуб.
— Ман ҳам ба бобом ҳамин хел гуфтам, вале мўйсафед беқарор,
– фаҳмонд Ниёз, ки дили ў аз ин ҷавобҳо тахт не.
...Ниёз ҳамраҳонашро дар назди телефонхона монда, як сари қадам аз Маликбой хабар гирам гуфта ба хонаи ў рафт.
— Э, Мирзониёз туро худо фиристод, – ба саломи Ниёз алейк ҳам нагирифта гапи дилашро мегуфт Маликбой, – намеомадӣ, одам мефиристодам. Аҳмадбой гўшу майнаамро хўрд, ки меҳмон дораму чӣ мешуд, ки як сари қадам Мирзониёз биёяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор