Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобо, ки хаёлаш ба «хиш-хиш»-и бемавриди акка ва сафарҳои Ниёзу қисмати ў банд буд, аз ногаҳон ба пушти пояш часпидани Умар сахт тарсид ва «Ана ҳамин буд» гуфт. «Акка мегуфт, ки мулло Умар вақти сапедадам боборо метарсонанд»...
Ниёз ҳамроҳи шариконаш барои бо ягон ширкат робита кардан ҷониби Панҷакат ва ё Самарқанд раҳ сипарид... Баъди аз дарвоза баромадани ў бадани бобо хунук хўрд ва рўи пўсташ мурғак давида, аввал ба бистарӣ шудан тан надод, вале баъде ки табларза гирифт, аз Сабзина хоҳиш кард, ки рўи кат ҷогаҳ андозад...
— Занак, ту хонаю дар дорӣ ё не? Ман ба ту хонабон? – аз дарвоза садо карда даромад шавҳари Сабзина Аёз, вале авзои падарро дида барои ҳазли бемаврид ва садои баландаш хиҷолат кашид.
— Ба хайр, додо? – ба сари болини ў омада пурсид писар.
— Ба хайр шавад, – сар ҷунбонд ў, – хунук мехўрам, гўй, боз кўрпа партоянд, – гуфта чашм пўшид, ки ларзаи баданаш ва беқарории манаҳашро боздорад. Вале пеши назараш алошақшақи шохи зардолу ва ба гўшаш садои шуми он меомад...
...Ниёз ин дафъа ба роҳи миёнбури Ҷавпая не, балки ба роҳи тўлонии қади дарё рафт, то дурусттар нигоҳ кунад, ки то доманаи Ховаркўҳ чи зайл роҳ сохтан мумкин аст: «Мушкил, ниҳоят мушкил, агар ин корро ширкати ягон давлат накунад, худамон аз ўхдааш намебароем» аз дил гузаронд ў ва аспашро тозиёна зад.
Ба роҳи ҳамвори Шўрча фаромаданд. Кори ин ҷойҳо саҳл аст, вале каҷмакаҷак, нишебу фароз рафтани роҳи боло аз гулўи кас мегирад. Аспи саманди Ниёз, ки ошиқи зиёде пайдо кардааст, як гардан пеш аз дигар аспон чанги сурмахоки роҳи дашти Мазорро бароварда ширин мехиромид. Чашмони сиёҳаш чунон ба ранги наботиаш мезебид ва ёли зарринтобаш, ки аз боди гашти худаш барафрошта мешуд, он қадар ҷонварро намоиш медод, ки агар дар бозор мемонданд, як бар ҳазор харидор пайдо мекард. «Ниёз, худат-ку душман надорӣ, лекин аспат душман пайдо мекунад»
мегуфтанд ба ў баъзеҳо. Ниёз механдид ва «худама кушу аспама накуш» мегуфт.
Ҳо, ошиқи аспаш бисёр. Махсусан вақте, ки Яъқуб дар бузкашиҳо бо Саманд ҳунар менамояд ва худи Саманд чунон ки дар афсона бошад, ёлашро як ваҷаб боло ва миёнашро ихчаму борик карда ва фўку гарданашро барои дамгир накардани бод, пеш ёзонда метозад, ҳамаи аспбозон ва тамошобинон ба вай ошиқ мешаванд. Чунон ки ба худи Ниёз камтар занону духтарон дил набастаанд; ин чизро худи Ниёз намедонад ва занону духтарони кўҳистон аз рўи номусу ҳаё ин муҳаббат ва ё ҳавасро дар дил гирифта мегарданд ва бо худ ба хок мебаранд...

пешина
аз 279
навбатӣ