Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Не, писарам, амакат дурўғгў не, корашон бисёр. Он кас гумон карданд, ки мо дар ин ҷо дер кор мекунем, лекин корамон тез шуд... Худам ҳам ҳайрон, ки барои чӣ ин хел тез шуд...» Вале рўзи рафтанашон усто Қодир гилаи писарашро ба Ниёз гуфт ва ў ваъда дод, ки албатта Умарро бо Бурҳон шинос мекунонад...
Телефонхона буд шуд, қад-қади роҳ ба симчўбҳо сим кашиданд, ба телефонхона аппарат шинонданд, Женяро сари аппарат гузоштанд ва акнун кори Ниёз осон шуд; барои ҳар гап ба Панҷакат ва ё Самарканд намеравад – аз хамин ҷо истода сухаиашро гуфта ҷавоб мегирад. Вале боз маслиҳату машваратҳое пайдо мешуданд, ки танҳо рў ба рў гуфта ҳал карда мешуд, барои чунин корҳо Ниёз боз ба он ҷойҳо мерафт. Вале наметавонист, ки Власовро бинад. Имрўз ё фардо рафтанист, беимкон, гўё аз осмон кор боридааст...
Тирамоҳи соли 1905. Вақти намоз бобои Ниёз, ки акнун субҳ равшанӣ мекард, аккае аз шохи зардолу «хиш-хиш» кард. Бобо намоз мегузорду безобита мешуд, ки ин чӣ пешомад аст. Аз рўи рисолаи мусулмонӣ намозро буридан мумкин нест, барои ҳамин бобо илоҷе надошт: гарданак мезад, китф меҷунбонд, вале садо карда наметавонист. Магар ташвиши ўро Сабзина пай бурд ва ё садои нобаҳангоми ин мурғи хабаркаши даҳансиёҳ ба ў хуш наомад, ки «Ак-ак! Киш!» гуфта онро садо дод. Нашуд, ки кулўх бардошта ҷониби вай андохт ва мурғи думдарози алошақшақ парида рафт. Худ аз худ дили Сабзина оташ гирифт.
— Нафасат гирад, бадовоз! – ҷойнамозашро бардошта гуфт бобо. – Дар ин каллаи азон зоғ чизе нахўрда хиш-хиш мекунад...
овозат хушк шавад. Қариб намозро бурида будам, – алам тоза мекард бобо. Ў нагўяд ҳам, дар дил андешаҳо мекард, аз рўи ривоятҳо садои шуми ин мурғи алоро фоли нек намедонист.
— Ин қадар новақт садоятон баланд шуд, оча? – аз лаби ҷўй садо дод Ниёз, ки дасту рўй шуста пок мекард.
— Вай алошақшақи хабаркаша бин, саҳари солеҳои дар тори сар пайдо шуда хиш мегўяд... Овозат хушк шавад, – гилаомез гуфт Сабзина.
— Ба ҳамин ҳам ғам хўрда мегардед? Мурғ-дия, шояд ҷои хобашро гум карда бошад. Акка-дия, чуғз не-ку, – бепарвоӣ кард Ниёз.
— Пештар аз чуғзу зоғ метарсиданд, акнун аз акка метарсанд.
— Вай бечораро хам ягон чиз хўсондагист, шояд мор бошад.
— Калон, ки як гап гуфт, хурд бояд гуш кунад... Мирзониёз, ин фоли нек не, бачем, дар раҳу рў ҳушёр шудан лозим.– пеш омада ба гап ҳамроҳ шуд бобо ва як қад парид.– Э бар падарат қусур, тарсондима, – гуфта хам шуда Умари ногаҳон ба банди пояш часпидаро, ки қадаш ба рони бобокалони азамат мезад, оғўш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор