Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ғанӣ, ҳушёр бош, ки метин ба биниат назанад, – аз хомўшӣ магар дилаш бухс кард, ки Равшани Раҳмон аввал сурфиду баъд ин ҳарфро гуфт.
— Э лаққӣ, аз роҳи биҳишт гардондима, – гўё барои қомат рост карда нафас гирифтан сухан ёфт ў.
— Узр, аз ин сафарат бехабар будам. Худо бандаҳои некашро зудтар ба он ҷо мебарад.
— Илоҳӣ ту ҳам бандаи неки худо бошию лекин биҳишти ман на он биҳиште, ки ту фикр мекунӣ. Хаёл мекардам, ки ана-ана неши метинам ба хуме бармехўрад ва ман метинро ба замин гузошта, онро бардошта мегирам ва ними тиллояшро ба ту медиҳам.
Волло ки акнун як дона диҳам...
— Майлат, ҳамаашро гир, пучуқ, лекин хумашро ба ман те. Худам хум кофта мегаштам, ки тилло андозам, – гўё қофия зад ў.
— Бой будани туро кӣ намедонад, бойи беномус... Лекин мо ҳайрон, ки чаро Абдуллобою Маликбой барин ягон меҳмонхонаи болохонадор намепўшонӣ, худатро ба мумсикӣ зада, тиллоро даруни ҷанда руст мекунӣ. Ана дидӣ, барои бой гўр мекобем.
Ҳамрохи тиллоҳоят ҳамин ҷо гўр мекунем... Боз ягон вақт ягон кас ёфт мешудагист, ки ин ҷоро кофта тилло ёбад... Ақаллан гўратро об шуста ягон подачӣ мегирад-ку.– Сурат барин ба суханони дарози ў нигоҳ карда мондани Равшани Раҳмонро дида Ғанӣ гумон кард, ки авзояш беҷо шуд ва ҳамин замон дарранда барин ба вай ҳамла мекунад, барои ҳамин метинро боло карда неши онро ҷониби ҳариф дошт. «Наздик шаву рўзата бин» дар дил мегуфт ў.
«Хайр, ба дастам меафтӣ, пучуқ» Равшани Раҳмон ҳам ба таври худ таъкид мекард, вале айнан ба сари Ғанӣ меомад, ки ў ҳамин тавр мегўяд.
— Рўи тиллоро набинӣ, Равшани бенур, маро аз давлату дунёӣ маҳрум кардӣ, – садо кард Ғанӣ.
— Биниат рўта гирад, пучуқ, бинета дида наметонию ба ту дунёӣ чӣ лозим?
— Берўзӣ, калбуз орзуи шох мекунад...
Равшани Раҳмон метин ба замин зад. Ғанӣ ҳам метини баробари биниаш рост доштаро поён фаровард...
...Аз ҳама корҳое, ки зуд ба сомон расид, ин телефонхона буд.
Телефонхона дуртар аз ҳавлии Маликбой, ки аз болохонаи ў метофт, дар парчи пули чўбини сои Мазор сохта шуд. Усто Қодир шабурўз «ҳа-санг, ҳа-лой, ҳа-чўб, ҳа-тахта...» гуфта ба ёрии ҳашарчиҳо дар як ҳафта иморати хурдро рост карда ва худ ҳайрон буд, ки барои чӣ ин қадар саросемавор ин корро кард; касе ўро саросема накардааст, касе ўро маҷбур накардааст, ҳамин тавр шуд.
Ва дар ин миён писараш Бурҳон фақат мегуфт, ки амаки Ниёзам дурўғ гуфтаанд: Умарро оварда бо ту шинос мекунам, гуфтанду ин корро накарданд: «А додо, дурўғгў-а?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор