Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Усто мепурсанд, ки худатон хона месохтаед, ман равам.– Ба Сергей Николаевич рў овард Ниёз.
— Мо хона намесозем, Мирзо Ниёз...
— Хайр, усто созанду барои хотира ҳамин хел, хонаи бой барин оро диҳанд чӣ?
— Майлатон.
Усто Қодир, ки ҳеҷ гоҳ ба гилу лой кордор намешуд, ба сохтану пояю девори сангин бардоштани телефонхона машғул шуд.
Бурҳони хурдсол дар хонаи бой наистода, ҳамроҳи падараш ба сохтани телефонхона рафт. Вале ба ҷуз Ниёз ягон кас ва ё ягон чиз диққати писаракро ҷалб намекард. «Амак, кай писаратонро мебиёред?» «Мебиёрам, Бурҳони амак» ўро дудаста болои сар бардошта гуфт Ниёз.
...Ин ҷо ба сохтани хонаи телефон машғуланд, вале Ниёз кори дигар пайдо кард, барои одамонро пароканда накардан ва барои нақшаҳояшро амалӣ гардондан мардуми кориро шуғли дигар ёфт; ҳамаро, ки бо ў ҳамкорӣ кардан мехостанд, бори дигар аз Киштўд ба Ғузор овард. Барои роҳ сохтан. Агар телефон гузаронидан бо хоҳиши уезди Самарқанд шуда бошад, роҳ кушодаиу роҳ сохтан нақшаи Ниёз аст... Ниёз роҳсозонро ба Қашқоии баланди Ғузор, ки то фарози он баромадан дами роҳгузар мегашт, бурд, то миёни ин баландиро чок карда, пастии Ғузорро бо баландии дашти фарохи Малла пайваст гардонанд. Ин корҳоро Ниёз барои чӣ мекунад, худаш медонад, вале миёни мардум овоза, ки Ниёз девона шудааст; ба корҳое машғул аст, ки на чашм дидааст ва на гўш шунидааст. Ўро кофир хонданд, ки дар он замон номи аз ҳама бад буд. Вале Ниёз ба ин ҳарфҳо коре надошт, камарбаста буд, ки барои дўстонаш коре бикунад. Магар дўстонаш ҳамин ниятро фаҳмидаанд, ки ҷонгарав хизмат мекарданд. На моҳона, на байъона таъйин нашуда буд. Ин кор аз рўи зўрӣ ва ё маҷбурӣ ҳам набуд. Фақат ба эҳтироми Ниёз. Онҳо аввал ҳама сари бораи баланд саф истода ҳавзаи дашту деҳаи Ғузор, симобсифат аз паҳлўи рости он ҷорӣ шудани Зарафшон, аз самти чап силсила бастани сурхкўҳ, ки то Киштўд кашол меёбад ва тангнои пешгаҳи Ғузорро аз назар гузарониданд ва баъд монанде ки тарафи дигари масъаларо ҳал мекарда бошанд, пас гашта ба дашти Малла рў оварданд. Ба вақте ки тарҳи роҳ меканданд, кас гумон мекард, ки бо чунин ҳаракатҳояшон ростии роҳро муайян мекунанд. Бораи Қашқоӣ ба сафеддори дароз хобонда, аз миёнааш ғўлагирифта монанд мешуд. Садои белу каланд, метину мисрон мебаромад, замбарҳо бардору мон мешуданд, сангҳо, кулўхпораҳо ба новагӣ меғелиданд.

пешина
аз 279
навбатӣ