Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Мон акнун, бозиро бурд» мегуфтанд ба савор ва ў ба сари чуқурии дигар мерафт...
...Дар Ғузор хона сохтанӣ шуданд; барои телефон гузаронидан ва аз рўзи ба кор сар кардан номи он телефонхона шуд. Ин хонаро хонаи калон пиндошта Маликбой ба Ниёз тавсия дод, ки аз Амондара усто Қодирро биёранд, дасташ гул аст. Дар Киштўд устоҳои ҳунарманд зиёд буданд, вале ба тавсияи Маликбой Ниёз розигӣ дод, ки устои амондарагиро биёранд...
Усто Қодирро оварданд. Ҳамроҳаш ў писарчаи се-чорсолаашро низ гирифт. Писарча Бурҳон ном дошт. Ниёз усторо дида, хуш кард ва Бурҳонро дўст дошта гуфт, ки ў ҳам Умар ном писар дорад, ки ҳамсоли Бурҳон аст. Бурҳон розӣ бошад, назди ў барад. Бурҳон розӣ нашуд. «Ин тавр бошад, ман Умарро ин ҷо меорам, ҳар дуятон бозӣ мекунед». Бурҳон ба ин гап розӣ шуда сар ҷунбонд.
— Ман рўзи омадани шуморо медонам, Мирзониёз, – ба гап даромад усто Қодир.– Мо болохонаи Маликбойро месохтем, шумо ҳамроҳи падару модаратон меомадед. Ҳў ана он роҳ катӣ... гўё дирўзакак буд. Бинед, ки...
— Худам ҳам ёд дорам, амак, дар ҳақиқат чанд рўз пеш буд, вале дар ин чанд рўз ман чӣ рўзҳое аз сар гузаронидам...
Маликбой сар хам кард, ки гўё суҳбати онҳоро намешунавад.
...Сардори шўъбаи алоқа Сергей Николаевич, Женя ва чанд нафари дигар ба хонаи Маликбой омаданд, ки чошт хўранд. Хонаи Маликбой барои онҳо хонаи худ ҳисоб мешуд ва базебтарин, дилкаштарин хона ҳам ҳамин хона буд, ки бо биною таманнои зиёд бунёд шуда.
Баъди шиносон Ниёз ба онҳо фахмонд, ки ҳамин хонаро усто Қодир сохтааст ва хонаи телефонро низ ў месозад. Сонӣ Сергей Николаевич фаҳмонд, ки барои онҳо ин хел хонаи калон лозим нест. Як хонача ва як даҳлез. Ин хел аз чўб не, балки аз сангу гил созанд ҳам, мешавад...
Хидматгорони Маликбой дастархон оварданд. Рўи дастархон пур шуд. Маликбой даст сўи дастархон ёзонда «Марҳабо» гуфт.
Ниёз гумон кард, ки як садои шинос омад. «Марҳабо, марҳабо!»
Рост. Шинос. Овози Абдуллобои киштўдӣ барин. Ҳама аҳли музофот «марҳамат» мегўянд, вале ин ду тан «марҳабо». Забонашон, рафторашон, меҳмондориашон, хонаашон – як. Ва роҳи дўстиро танҳо дар нону хон медонанд.
— Ин хел бошад, ба мо рухсат, – сухан кард усто Қодир.
— Чӣ хел?
— Инҳо худашон хона месохтаанд.
— Ҳамин тавр, Мирзониёз? – пурсид Маликбой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор