Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ғанича! Ҳамроҳи Қаҳҳорчаат дуртар рав, дар неши каландам наист, – ҷиддинамо таъкид кард Равшани Раҳмон.
— Э, пеш аз неши каланд задан бигў, ки чаро Женя шапкаашро пасопеш пўшид? – албатта барои ягон гап баровардан мекофт Ғанӣ.
— Ту барин мусулмон шуданӣ.
— Ту барин номусулмон истад, хуб нест? – хандида гуфт Ғанӣ ва гурехт, ки Равшани Раҳмон дар қаҳр бошад...
— Ана ин ҷо барои ҳу ана он одами дароз! хитоб кард Женя.
— Ана бирав, дароз, он ҷо мулоим будааст, ба қадат муносиб кофтанаш осонтар.
— Ҳуд дак...– ҳамла кард Равшани Раҳмон, вале Ғанӣ гурехт.– Ба ҳурмати Мирзониёз, вагарна туро чӣ кор мекардам...
— Ана ин барои ту майдача!
— Аз барои савоб гўри маро аз гўри ў дуртар кобед, вагарна гўрҳои нобаробарро дида, инаш гўри писарашу инаш гўри падараш мегўянд...
Ҳатто Ниёз хандид, сонӣ Женя.
Ҳамин тавр роҳ ба Ғузор наздик мешуд. Чунон мекофтанд, ки Женя ба қадамшумор расида наметавонист. Аспонашонро аз зардолузор гирифта, ҳар бори чуқуриро кофта тамом кардан асп савор шуда барои кофтани чуқурии нав мерафтанд.
— Женя, Женя! Мо чӣ кор мекунем? – ба Женя расида пурсид Ғанӣ, ки аз рўи хандаҳои ў Женяро ба худ наздик медонист.Женя аввал пурсиши ўро нафаҳмид. Ғанӣ ба ишораи даст чуқуриро нишон дод ва ду кафи дасташро кушода савол кард: «Чӣ? Ин чуқуриҳо чӣ мешавад?»
— Ҳа-а-а, – фаҳмида садо баровард ў, – телефон, телефон, – ва даст ба гўш бурда «Ало» гуфт.
— Ҳа-а, ало, – такрор кард Ғанӣ вале нафаҳмид, китф дарҳам кашид.
Женя боз ба ў фаҳмонд:
— Ту-Ғузор, Ман-Панҷакат, ало, гап-гап...
— Девона, – миёна даромад Қаҳҳорча, – урусҳои кони Заврон мегуфтанд-ку, ду кас аз ду шаҳр истода ба ҳамдигар гуфта мешунаванд. Худаш ҳам мегўяд-ку, гап-гап...
— Э, наркалла-е, читу фаҳмидию, – гуфт Ғанӣ ва дид, ки Равшани Раҳмон меояд.– Боз як гўри нав ба қадат кофтем, ҷўра...
Равшани Раҳмон, ки савора буд, ҷониби Ғанӣ лаҷом гардонд, ки ўро буз кашад. Вале Ғанӣ худро дар паноҳи Женя гирифт ва аз ҳар ҷонибе ки савор ҳамла кунад, Женяро пеш оварда худ паси ў мемонд.

пешина
аз 279
навбатӣ