Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аспонашон низ ба кишна, лаҷомафшонӣ ва покўбӣ одат накарда буданд, балки мисли саворонашон фурўтан буданд ва ин даста аз бист тан зиёд набуд. Саворон тақрибан як сангандоз роҳ аз Чорсў гузашта дар рў ба рўи бинои почта қарор гирифтанд. Ниёз аз рўи зин зер шуда, лаҷоми аспро ба Раҷаб дод ва даруни бинои почта рафт. Вай хеле дер карда ва баъд сархам баромад. «Сардор Самарқанд рафтааст» гуфт ў ва чунон менамуд, ки тираш хок хўрдааст. Сипас аз паси ў як ҷавонмарди шапкабасари сафедрў ва кабудчашм баромад, ки дар пой мўза дошт ва саросема баргашта даромада ҳамроҳ сумкаеро баровард, ки банди дарози он дар китфаш овезон буд. Баъд ба Ниёз ишорае кард ва худ бо он тарафи роҳ пиёда роҳ сипарид, ки саворон омада буданд.
Ниёз ба аспаш нишаст ва ҳама сари аспон пас гардонданд. Ниёз ҷилави асп сўи марди шапкабасар тофт ва ба дигарон ишора кард ки то Қабола бираванд.
— Биё, савор бишав, – асп назди Женя боздошта гуфт Ниёз.
— Не-не, ман пиёда меравам, – ба забони русӣ гуфт Женя.
— Чӣ хел пиёда? Ин раҳи кам аст?.
— Ҳеҷ гап не, одат кардагӣ.
— Шўхӣ накун, ним фарсах роҳ аст...
Женя, чӣ таомуле бошад, ки шапкаашро пасопеш ба сар гардонд ва пой ба рикоби пойбаровардаи Ниёз гузошта, чолокона худро паси зини Ниёз гирифт.
— Аниқаш сардор кай бармегаштааст? – пурсид Ниёз.
— Маълум не, лекин бармегардад.
«Бе ту ҳам медонам, ки бармегардад» ба дил гуфт ў ва «ҳум»
садо баровард, ки маънии маълумро дошт.
— Сардор чӣ лозим? Бе он кас ҳам кор буд мешавад. Сим ҳаст, симчўб ҳаст, фақат ба коргаронатон мегўед, ки чуқуриҳоро зудтар кананд, он тарафаш кори мо. Ва агар хоҳед, ки ҷудо тез шавад, барои симчўбхоро рост кардану бехашро шибба задан одам медиҳед.
— Ҷавонмардҳо ҳастанд...
Онҳо ба Қабола расиданд. Аз аспҳо зер шуданд. Аспонашонро дар зардолузор дароз-дароз бастанд, вале баъди алафҳоро поймол кардани аспон ба сарашон зад, ки соҳиби мулк ояд, чӣ мегўяд.
— Хайр, ҳар кас белу каланду метину мисронашро гирад ва ҳар ҷое ки Женя нишон дод, ба қади одам...
— Яъне ба андозаи қади Ғанӣ, – миёни сухани Ниёз луқма дод Равшани Раҳмон.
— Ба андозаи қади одам...– боз гуфт Ниёз ва хандид...
Женя аллакай ҷои чуқурии аввалро нишон дода ба қадамшуморӣ сар карда буд. Панҷоҳ кадам, панҷоҳ қадам, боз панҷоҳ қадам...

пешина
аз 279
навбатӣ