Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Хода мешинонем, мулло Ғанӣ! – андаке ҳазломез гуфт Ниёз, вале магар ҳама ба ин сухан мунтазир буданд, ки баробар «ваа-а!» гўён хандиданд ва худи Ниёз ҳам хандида шарми Ғаниро бартараф карданӣ шуда суханашро шарҳ дод: – Рост мегўм, хода нею чўб, симчўб...– Ёрон боз ба Ғанӣ нигариста «ва-а-а!» гуфта баландтар садо бароварданд.
Ғанӣ гўё ки ин намоишу ишораи ёрон ба ў дахл надошта бошад, ба кори худ андармон, дастаи тозиёнаро ваҷаб мекард.
— Симчўб дастаи тозиёна барин не, Ғанӣ...– гуфт Равшани Раҳмон ва Ғанӣ мунтазири ин гап буд, ки садо баровард:
— Медонӣ-а? Кадомаш чӣ хел буданашро медони-а?
Ниёз як каҷ шуда ба пас нигарист ва бо ҳамин ҳазлу шўхӣ ба охир расид.
Аспҳо мерафтанд, гўё ба кадом юриш мерафтанд ва касе намедонист, ки куҷо мераванд. Ягон-ягон деҳкадаҳое ки сари роҳ буданд, аз чунин саворони нобаҳангом тааҷҷуб карда китф дарҳам мекашиданд, роҳгузарҳо роҳ дода сипас аз паси саворон чанги баландро дида ҳайрон мемонданд ва касе намедонист, ки дар чунин рўзҳои осуда боз чӣ ташвише пеш омадааст. Панҷакат, Ғузор, Киштўд, Фалғар ба Россия ҳамроҳ шуд, боз ин чӣ аломат аст, ки бетиру туфанг саворони зиёд мераванд, лекин ба ҷанг мерафтагӣ барин не; ғазаболуд не, гирифта не, ғамгин не. Балки хандон, кушодчеҳра. Дар ҳақиқат монанд не, ки онҳо бо қасди бад ба ягон ҷо мерафта бошанд. Балки чунин менамояд, ки барои гузаронидани ягон маъракае ва ё пешвоз гирифтани фиристодаи олиқадре ҷадал доранд.
— Мирзониёзи амакии ҷон! Ана вай Равшани Раҳмон мепурсад, ки чўбҳоро ба замин шинонда дар торашон одам қоқ мекунем?
— Ҳо! – Ғанӣ, ки ба ў хуш омада буд, ба ҳарфаш кушод ва озод ҷавоб мегуфт:– Боз ҳамаро не, касоне, ки лоиқи он баландӣ бошанд. Масалан худат меарзӣ, лекин Равшани Раҳмон не...
— Волло ман сад розӣ, ки ба ҷои ман Равшани Раҳмон тори симчўб барояд... Симчўб гуфта будед-а?
— Дидед, тақсир! – шерак шуд Равшани Раҳмон, – ҳар ҷое ки баромадаи лозим бошад, розй аст, ки ба ҷояш ман бароям.
Гўё вазифаи Ғаниву Равшани Раҳмон хуш доштани табъи онҳо бошад, гуфта механдиданд ва дигаронро механдонданд.
...Чорсўи маркази шаҳри Панҷакат Дарвозаи Бухор ном дошт, роҳи сангфарши Дарвозаи Бухор ба гашти аспон андаке душворӣ меовард, садои пои онҳо мардуми шаҳр ва роҳгузархоро ба воҳима меандохт. Дастаи саворагони Ниёз, чунон ки саворони ҳарбӣ бо як виқор намоишкорона аспонро бозӣ доронда гузаранд, намерафтанд, балки фурўтан буданд ва худ намедонистанд, ки куҷо мераванд ва дар ваҷоҳати онҳо ҳеҷ гуна ғурур, такаббур ва худнамоӣ мушоҳида намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор