Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Махсусан намехоҳад аз нақшаҳои роҳу кону муносибатҳои ў бо мардумони рус бохабар бошад. Пай мебарад, ки нисбат ба ин тоифа дар дил кароҳате дорад ва онҳо низ ўро бад мебинанд. Бойҳо бад мебинанд ўро...
Ҳамин дафъа ҳам Ниёз ба хонаи Маликбой омад, либос бадал кард, сонӣ ҳамрохи ёронаш сўи Панҷакат раҳсипор шуд. Вай нагуфт, ки Самарқанд меравад, то Панҷакат гуфт...
...Ниёз аз Самарқанд баргашта одам ҷамъ кард: як қисм одамони конро гирифт, аз деҳаҳо ҳам, ки ҳашар мебарад. Қаҳҳорчаю Ғанӣ дар навбати аввал ба ў ҳамроҳ шуданд. Ниёз онҳоро нафиристод, балки худаш ҳамроҳашон рафт, аз аввал то охири кор сардорӣ кард. Як гурўҳи калон рафтанд ва Ниёз ба сардорони деҳаҳо таъкид кард, ки боз одам ҷамъ карда биёваранд.
Мерафтанду мерафтанд ва Ғании шўх «Волло дилам кафид» гуфта фарёд кард.
— Барои чӣ дилатон мекафад, Мулло Ғанӣ, – пурсид Равшани Раҳмон.
— Меравему меравем, намедонем, ки куҷо меравем. Моро бозор мебаранд, зиндон мебаранд, кас намедонад. Ақаллан медонистем, ки куҷо меравем.
— Агар ин чизро худат аз Мирзониёз напурсӣ, дигар ин хел одами багурда нест, – ба хадуки ў мерасид Равшани Раҳмон.
Ғанӣ тоқии на чандон навашро, ки паси сар лағжида буд, пеш кашида, сари абрў овард ва ба Равшани Раҳмон нигарист.
— Офтоб барин чашми касро мебаред, ако! Ҷонибатон нигоҳ карда намешавад. Дилу гурдаи дигаронро таъриф карда, ҷониби гирдбод нишон медиҳеду худатон дар шамолпанаҳ менишинед. Се баробари ман меоед, наход, ки дилу гурдаи шумо аз дилу гурдаи ман хурд бошад?
— Мирзониёз! – даҳон калон кушода, вале бо овози паст ҷеғ зада Равшани Раҳмон ва баъд ҷониби Ғанӣ рў овард:– Э! Моро аз мурдан метарсонӣ? Моро аз кор метарсонӣ? Ошно, ин гапҳоро мон... Ман ҳар рўз фикр мекунам, ки агар дар шиками очам мемурдам, чӣ мешуд? Барои ҳамин ман аз мурдан наметарсам; зери кор мурам ҳам, парво надорам...
Магар Ниёз сўҳбати онҳоро шунид, ки баргашта ба пас нигарист.
Табассуми Ғаниро дида ба маънии «чӣ хел?» ишораи сар кард.
— Во! – нарангушт боло карда гуфт Ғанӣ ва аспашро лаҷом зад, ки ба вай наздик шуда ёри гап шавад. Ниёз сўи ў нигарист, дастон ба ду тараф кушода ва китфон дарҳам кашида савол кард:
– Куҷо меравем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор