Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Лекин ин чизро ҳама пай намебарад; гумон мекунад, ки намемирад. Медонад, ки мемирад, лекин гумон мекунад, ки намемирад. Ана ҳамин гумон касро аз имон ҷудо мекунад. Гумон дар гурўҳи бадӣ дохил мешавад. Роҳзан аст гумон. Аз рўи гумон, аз рўи илқои гумон кор кардан ба хатоӣ мебарад, ба гумроҳӣ мебарад. То ба коре имони комил надошта бошӣ, ба он даст назан... Ту имони комил доштӣ, ки кони ангишт кушода аз паси он рўз мегузаронӣ ва ё мардумро сер мекунӣ? – Ниёз боз ба саволи бобо сар ҷунбонд ва боз пахост, ки миёни сухани ўро шиканад.– Нағз. Имон дошта бошӣ нағз.
Лекин хомчўт карда бошӣ, фиреб хўрдан мумкин, имони комил дорӣ, ки ангишти коркардаи ин мардум рўзе шиками онҳо ва аҳлу аёлашонро сер мекунад?
— Бояд сер кунад, – Ниёз дид, ки бобо аз банди андешаҳо раҳо шуда, майли саволу ҷавоб дорад, ба пурсиши ў ҷавоб гардонд.
— Рост мегўӣ, бояд сер кунад... Лекин имон дорӣ, ки роҳ месозӣ, ангиштро бо хару асп не, балки бо ароба ва бо ким-чиҳои дигар мекашонӣ?
— Ният ҳаст, умед ҳаст, боз намедонам...
— Кӣ машғул бо ин кор?
— Ҳоло ҳеҷ кас... Пагоҳ ба Самарқанд меравам, ҳамааш ҳал мешавад. Ташаббускораш мо, лекин дигар ҳама чиз бояд, ки аз он ҷониб ҳал шавад. Коргарон бояд дастмузд гиранд. Акнун фақат ғами кандани ангишт не, ғами роҳ: кўҳҳоро бурида роҳ кардан лозим. Аз рўи нақша бояд, ки меҳнати зиёд сарф шавад...
... Ниёз Умарро бўсид, Ширбадани вазнинро бўсид ва берун баромада бо бобо бағалкаш вохўрдӣ кард ва фотиҳа гирифт ва Сабзина аз пешонаи Ниёз бўсида баробари бобо дуо кард, ки сафараш бехатар шавад. Имрўз амакаш Аёз низ ҳамин ҷо буд ва лаҷоми аспи ўро медошт, ки Ниёз савор шуда ҳамроҳи ёронаш ба сафар барояд. Ниёз дар тан ҷома, ба сар салла ва дар пой кавшу маҳсӣ мепўшид ва ҳамин ки ба Ғузор расида ҷониби Панҷакат ва Самарқанд равона шуд, ин либоси кўҳистониашро ба либоси шаҳрӣ бадал кардани шуда костюм, мўза ва камзул, ё палто мепўшид ва дар сар кулоҳ ё шапка мегузошт. Ҳамин тавр либосҳои ў дар чашми хўрҷин дам ба дам иваз мешуданд.
Ниёз дар Ғузор Маликбойро ягона каси шинос ва дилпур медонист ва ҳар гоҳ миннатгузорӣ мекард, ки ба туфайли ў ба ин мартаба расидааст. Ба тасодуф ин кор шуда бошад ҳам, сабабгораш бой аст ва барои ҳамин хар бор ки ба даргоҳи ў ҳозир шуд, «Бойбобо агар ба мо ягон хизмат бошад, гап занед» мегўяд, вале Маликбой ё эҳтиёҷе надорад ва ё дилаш об намехўрад, ки хидмате намефармояд. Ниёз танҳо барои адои қарз ба ў ин чизро мегўяд, вале дар дил нияти дигар дорад: вай хеҷ гоҳ намехоҳад, ки бой аз сирру савдои ў бохабар бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор