Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Марди бурутдор Равшани Раҳмон, ки пеш омада «хез, ки мезанам, мемурӣ!» гуфт Ғанӣ боз кўдаквор ғаш кард. «Хайр-хайр, намезанам, хап ист, додот мардикорӣ рафтагӣ, коко меорад, ҳамаашро ба ту медиҳам» забони зан барин гап зад ў. «Умм» гуфта Ғанӣ баччагона гардан тофта сар ҷунбонд ва «Наметӣ!» гуфт.
— Метиям.
— Ҳамаша наметӣ!...
— Ҳамаша метиям.
— Ана ба вай ўгаят ҳам метӣ.
— Вай ўгай қаҳр карда хони додош рафт, наметиям...
Дигарон боз баланд хандиданд. Ғанӣ хеста ҷониби Ниёз таъзим кард.
Ниёз фаҳмид, ки онҳо ба пешвози ў саҳна тайёр кардаанд, хандид ва тап-тап ба китфи Ғанӣ зад. «Қоил, ман ба ту қоил».
Ғанӣ бадав рафта дар лаби ҷўй рўяшро шуста омад...
...– Медонам, ки нагўӣ ҳам, азоб мекашӣ, Мирзо-ниёз. Ин қадар одамро кор фармуда шиками онҳоро сер кардан кори осон не... Онҳо фақат барои шикамашон кор намекунанд, ягон умед ҳам доранд. Ғами аҳлу аёл, ғами фардо, ғами тўй... Нагўянд ҳам, ин чизҳо аз ваҷоҳаташон маълум. Худат мегўӣ, ки корам ҳаст гуфта як-як баромада мераванд ва барнамегарданд. Андеша бикун, Мирзониёз, дар ин кор ту ҳам айбдор: ба умеди фардо гуфта будӣ. Фардо, ки ҳар рўз пасфардо шуд, магар тоқат мемонад? То кай ту шиками онҳоро сер мекунӣ? Гумон накун, ки ман барои як лаб нон, барои шуллаю пиёзоба, барои ширу ҷурғот, барои як пиёла чой, ё ягон чизи дигар ин гапҳоро мегуфта бошам. Не, Мирзониёз, ман хамон фардои ту гуфтаро андеша мекунам. Ҳар кор «бисмиллоҳ» дораду «омин». Вале дар миёни ин ду ҳарф медонӣ, ки чӣ қадар ҳарф ҳастанд? Лак-лак... Беҳуда ҳазору як шаб духтараки доно Шаҳрзод қиссаҳои гузаштаро ба подшоҳ ҳикоят карда ҷони худро амон надодааст... Ду ҳарф-а. Бисмиллох ба дунё омадану омин рафтан аст. Лекин дар ин миён чӣ қадар шўр, чӣ қадар ғавғо, балво, исён, нохушиҳо, номуродиҳо ва чӣ қадар хушбахтиҳо... Лекин дар миёни ин ду ҳарф боз як омин ҳаст, ки ду тараф дорад: омини чаппа ва омини роста... Ё гапам нодуруст?
– Ниёз ба маънои дуруст сар ҷунбонд, вале, гўё ки сухани боборо буридан намехоста бошад, лаб ба сухан накушод.– Ман медонам, ки ту ба одамон некӣ кардан мехоҳӣ. Кори осон... Кори мушкил... Ин ҳам мисли дўст доштану бад дидан аст. Бад дидан кори осон: аз як сухан, аз як нигоҳ, аз як рафтор, кирдор ва ҳатто аз як ҳаракати ноҷо бад дидан мумкин аст, вале дўст доштан кори якнафаса нест... Боз нагўӣ, ки бобом пир шуда магзаш костааст.
Не. Ин суханон суханони ман нестанд, инҳо панд ҳастанд; онҳоро ё шунидаам, ё хондаам ва ё аз таҷрибаи рўзгор мегўям. Дар синну соли ман, агар рўзгори гузашта такрор шавад, ҳамаи хатоиҳоро такрор накардан имкон дорад, вале ҳайҳот, одамизод гиёҳи яксола аст: як бор мерўяд ва як бор мемирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор