Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ношинос сарашро хам кард ва ба Ниёз, ки болои сараш ҳозир шуда буд, нигоҳ ҳам накард.
— Ту кистӣ, бачча?
— Ман рўсиёҳ!
— Чаро рўсиёҳ?
— Русиёҳи рўсиёҳ, – ба гиря даромад, – ҳамун Қаҳҳорча бо ҳамон қаду баст зан дошта бошаду ман не...
Ниёз ўро шинохт:
— Э, мулло Ғанӣ?
— Ҳа, мулло Ғании берўзии бехонаю дари муллои бой.
Ниёз хандид. – Бе масхарабозӣ нашиштӣ-дия.
— Чӣ хел мешинӣ охир. Ҳамин ки ба нонхўрак баромадем, ҳама дар бораи зану фарзанд гап мезананд, ман гунги Ғаюр барин забон газида меистам. Баъд Равшани Раҳмон масхара мекунад, ки ман ким-чӣ надорам, барои ҳамин зан намегирам. Худи ки ягон кас духтарашро доду ман нагирифтам. Худи ҳамон Равшани Раҳмон ҳам духтарашро диҳад, мегирам.
— Мегирӣ?
— Неки не?
— Маъқул?
— Чӣ маъқулу номаъқул, ман ўро кушта мехурам, зан бошад шуд-дия.
— Саросема нашав, Ғанӣ, ин корхоро дуруст кунем, зан худаш меояд.
— Ояд ҳам, ба назди шумо меояд, ба назди ман намеояд.
— Парво накун, назди ман ояд, гирифта назди худат меорам.
Ашки Ғанӣ сиёҳии ангишти рўяшро ҷўя кашида ба пас мефаромад.
Вале Ғанӣ онро пок намекард, зеро дастонаш аз рўяш ҳам сиёҳтар буданд ва метарсид, ки ба чашмаш гард надарояд.
Онсўтар Қаҳҳорчаю Равшани Раҳмону дигарон рост истода ба кори кардаи Ғанӣ механдиданд. Кон ки он қадар фурў нарафта буд, дар равшании офтоб хандаи онҳо метофт, Ғанӣ чунин хандаи онҳоро дида ғазабаш омад ва пуршаст пеш парида ба ҷои он ки ба онҳо санг андозад, хам шуда як каф хокаи ангишт гирифт ва ҷониби онҳо андохт, ки ду-се ғурўшаи он пеш рафта дигар ҳама чанг шуда ба худаш ва ба Ниёз зад. Онҳо боз хандиданд. Ниёз аз ин рафтори Ғанӣ ва намоишкорона паҳлўи ҳам истодани коргарон ҳайрон шуд. Ва якбора ранги рўяш канд. Як қадам аз чанги ангишти Ғанӣ андохта паҳлўтар рафт ва баргашта ба Ғанӣ нигарист.
Магар Ғанӣ аз шўхиаш пушаймон шуд, ки чанги домонашро афшонда «сабил мон» гуфт ва тарафи ҳамкорон рафт «Ҳазл накарда муред!». Ва дигарон «Ҳазла ту кунию мо мурем?» гуфта ўро пеш карданӣ шуданд, вале ў таппӣ дар ҷояш нишаст. Ва мисли кўдаки ғашкарда почак зада боз чанги ангиштро баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор