Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ростӣ, Ниёз аз таҷрибаи кони Ҷилав медонист, ки барои кон кушодан чиҳо лозим ва чӣ бояд кард, аммо оқибаташро намедонист. Худи Ниёз ҳам баъзан либос дигар карда ҳамроҳи конканон кор мекунад, ки мардум ҳайрон мемонанд: наход ки сардор ҳам қатори мардум миён баста кор кунад? Бой не-дия, бой не. Агар бой мешуд, мисли Абдуллобой миён ғафс мекард, на бозу. Лекин Ниёз ин хел ният надорад; бой шуданӣ не, манфиат ҷустанӣ не, ҳаққи касеро хўрданӣ не, касеро ҳайвонсифат кор фармуданӣ не... Кас намедонад, ки вай чӣ хел одам аст. Сиёсат не, гапи сахт не, хақорат не, дарундор... сипоҳ ҳам не... дарундори бакина ҳам не, балки дарундори пурандеша. Одамони манманӣ мекардагӣ, дороёни фўкчухт, «назарбаланд», авомфиреб ва мардумозорро бинад, миёни абрўвонаш гиреҳ мезанад. Лекин барои чӣ? Касе намедонад. Ин чиз танҳо ба худаш маълум.
Дарунтари кон торик, ҳамин ки офтоб гашт кард, тамоман торик мешавад. Вақте ки офтоб аз паси Ховаркўҳ сар бардошт, рост ба даруни кон мезанад, барои ҳамин коргарон пагоҳии барвақт (аз рўи одати Ниёз) ба кор омада, вақти равшан будани кон кор мекунанд ва ҳамин ки торикӣ ба даруни кон омад, аз паи кори рўзгор меафтанд. Кори онҳо маҷбурӣ не. Дар ин ҷо бешабонон хўҷаинӣ намекунанд, ки гиру нагир гўянд. Ниёз ҳам намегўяд, ки ангишт гиред ё нагиред. Барои коргарон моҳона ҳам таъйин нашудааст. Фақат Ниёз гуфт, ки ихтиёрӣ; ҳар кас хохад, марҳамат кор кунад. Кори онҳо як кори ҷамъияти ихтиёрӣ барин. Коргарҳо ҳар қадар ангишт гиранд, ҳар қадар тавонанду фурўшанд. Лекин кор мекунанду касе як санг ангишт нафурўхтааст. Аз кон санг мекананд, ангишт мекананд, ангишташро лахта-лахта бароварда, ҷамъ мекунанд; замбару замбарғалтак карда зери деворахои кон тўда мекунанд ва ҳатто ангиштҳои навбати аввал аз даҳони кон кашондаашон зери барфу борон монда хока гаштааст. Зери дарвозахонаи ҳавлиҳои наздик ҳам пури ангишт ва баъзан занҳо «раҳу роҳравҳоро сиёҳ кардед» гуфта ба шавҳаронашон пўписа ҳам мекунанд. Боз барои он ҷанг мекунанд, ки дар хона на чўби сутунию болорӣ монданду на тахта; ҳамаашро барои кон кашондаанд. «Кошкӣ аз ин кон як пула фоида бошад».
Ниёз ҳамин чўбу тахтаҳое, ки барои аз тор наафтидани сангу ангиштсанг пояю осмона карда буданд, нигоҳ карда дарунтар мерафт, ки аз пеш касе баромад, рўяш аз зангӣ ҳам сиёҳтар ва чашмонаш мисле метофтанд, ки чашмони гурбаи сиёҳ дар шаб, Ниёз бозистод. Вале он кас салом нагуфта, нигоҳ накарда, аз назди ў гузашт ва замбарғалтаки пур аз ангиштро дами дар бурд.
Сонӣ як баргашта нигоҳ кард, ки Ниёз аз паси вай нигарон аст, ангиштро чаппа карда бинишаст, ба сутуни арчагини девораи кон такя дод. Ниёз бояд дарунтар мерафт, бозгашт ва назди каси «ношинос» омад.

пешина
аз 279
навбатӣ