Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳозир ҳамин хел. Вақтҳои дигар, махсусан бо кўдаконаш, бозию шодӣ ва сурудхонӣ карда, тай шудани роҳро ҳам намефаҳмиданд ва чун кўдакон «ана бобом дар лаби ҷўй ва ё бобом нестанд-ку!» мегуфтанд, Ормон табассум мекард...
...Ормон ба худ омада дид, ки фармони мошинро оғўш кардааст ва намедонад, ки мошин чӣ зайл бозистода, оташаш хомўш шудааст. Ў ларзида, ҳаросида ба худ омад ва барои чунин «фароғат»
худро нафрин кард... Ҳайрон: калид дар ҳолатест, ки мошин бояд кор кунад. Чароғак низ сурх. Ў боз ҳайрон, ки чӣ хел ба ҷаруҷў нарафта, мошин дар лаби роҳ бозистодааст...
Ў шукргузорӣ кард. Сару рўй, гардан ва паси гўшҳоро молида, андаке ба худ омад ва мошинро аз нав дар гиронда оҳиста пеш ронд. Тарсида меронд. То ҳол розӣ буд, ки дар сари қабри падар бимирад, акнун метарсад, аз мурдан метарсад... шояд барои фарзандонаш бошад. Ва чунин фикр аз дил гузашту фаҳмид ва донист, ки барои чӣ падараш ин қадар аз барои ў ҷонканиҳо мекардааст, ҷонгарав будааст; ҳар бори рўбарў шудан ин қадар аз камию костии рўзгораш мепурсидааст ва розӣ будааст, ки ҳар чӣ дар бисот дорад, писар бубарад. Шиками сери фарзанд шиками сери падар будааст, тани сиҳати фарзанд тани сиҳати падар будааст.
Фарзанд осуда – падар осуда.
— Шунидам, ки рўзгорат нотинҷ, Ормон?!
— Кӣ гуфт?
— Шунидам... Медонӣ, ки аз назари ман ҳеҷ чиз пинҳон намемонад. Нагўянд ҳам, худам мефаҳмам.
— Дурўғ. Ягон хабарбару хабарбиёр гуфта бошад, бовар накунед.
— Не-е, ман кўр бошам ҳам, мебинам. Чашми дилам равшан.
Боз хоб ҳам мебинам. Шабдармиён хоб мебинам, ки бо келин ҷангу ҷадал дорӣ... Ин хел накун. Пушаймон мешавӣ ё ба кисаат чор танга даромад? А? Не, фоида надорад. Камашро ҳам дидам, пурашро ҳам. Пул – чирки даст, ба шуштан меравад... Бо пул бозӣ мекардам... мана аҳволама бин... Намедонам, ки дар назди парвардигор чӣ бадӣ кардам? Шояд бошаду худам надонам. Вақтҳои мастию ғурур, ки заминро замину осмонро осмон намедонистам, шояд кўтаҳиҳо карда бошам... Барраҷон, ба касе бадӣ карданамро ёд надорам, лекин медонам, ки модаратро пур азоб додам... Гуфти худаш, ки дар косаҳои талхак ош додам. Ин гуноҳи маро худам медонаму худаш медонаду Худо... Як қисмаша вақти меҳмон будани ҷўраҳот шўхӣ-шўхӣ гуфта будам, лекин вай шухӣ набуд, мастӣ буд. Ягон вақт мегўям... Барои ҳамин мегўям, ки рўзгорро нотинҷ нагардон. Худованд ҳама чизро бахшад ҳам, носозии рўзгорро намебахшад. Ҳам худат хафа, ҳам келин хафа, ҳам кўдакҳо хафа.
Чӣ лозим? Медонӣ, чӣ хел ба баччаҳо сахт мерасад? Аз рўзгори носолим фарзанди хуб ҳам намебарояд... А-а? Гап задӣ?

пешина
аз 279
навбатӣ