Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не!
— Ҳа, ту гап намезанӣ, назди ман, ки омадӣ, гапат тамом мешавад. Маро кару кўр дониста гапатро дареғ медорӣ.
— Ин хел нагўед, додо!
— Не, ҳамин хел... Аз як шаҳри азим биёӣ, аз кўҳҳои баланд гузарию гапи гуфтанӣ наёбӣ...
...Падари Ормон аз ў гила кунад ҳам, боз шукр мегузорад, ки мисли баъзе фарзандон беномунишон нашуда, сари чанд вақт хабар мегирад; махсусан тобистонҳо, ки роҳи ағбаи Анзоб кушода шуд, дар як моҳ ду бор ҳам хабар мегирад. Кўдаконашро назди пирамард оварда мемонад, ки «дилхушӣ» кунад. Сонӣ кўдаконро баҳона карда зуд-зуд хабар мегирад. «Ҳа-а,ширин мешудааст?»
лабонаш хандида ва дилаш нола карда мепурсад пирамард. Ва Ормон ин ҳарфро ҳам ба зайли падар мефаҳмад, ҳам ба зайли худ; ба зайли падар, ки «фарзанд аз ҷон ҳам ширин мешавад – душмани ширин», ба зайли худ, ки падар меҳрубону ў ба қадраш расида наметавонад. Барои ҳамин тез-тез хабар мегирад, то падари барҷомонда ноумед нашавад. Ҳар боре ки мошини Ормон намоён шуд, кўдакони деҳ ғалмағал бардошта, назди пирамард метозанд, агар ў дар лаби об набошад, ба хонааш мераванд, то аз ў муждагонӣ гиранд. Ҳамдигарро тела дода ва ё дошта пешгузарак пойгаҳ кардани писарбаччаҳо ва аз паси онҳо мўйҳои ҷамолакбофтаашонро бод дода давидани духтарбаччаҳоро дида, Ормон шод мешавад. Ў гумон дорад, ки ин бор ҳам чунин манзара такрор меёбаду ў шод мегардад, аммо ин тавр нашуд: касеро дар сари роҳ, пешопеши мошин ва ё лаби об надид. Дар шигифт шуд, ки дар ин тамузи тобистон одамон куҷо рафта бошанд? Сонӣ садои ба санг бархўрдани чизе баромад – ба садои асо монанд. Ормон гумон кард, ки падараш асо ба сангҳо зада, пеши пой тоза мекунад, роҳ меҷўяд, аммо хеле нигарист; на садо буду на пирамард.
Ҳайрон шуд, ҳайрон шуд, ки чаро ин вақтҳо рафтору гуфторҳои падар пеши назараш менамоянд ва ба гўшаш акси садо медиҳанд.
Бори дигар ба тангкўча нигарист ва имон овард, ки падараш наменамояд, сонӣ ба кори худ машғул шуд: сарпўши бордони «Жигули»-ашро кушода, аз он ҷо як сумкаи сурхи дар паҳлўяш «Олимпий-80» навиштаро гирифта, сарпўшро аз нав маҳкам кард ва чангу хоку муми аз роҳ чаракса кардаро дида «сонӣ мешўям»
гуфта, боз ба роҳ, ба дарвозаҳои он тарафи рўдхона, ба парчи пул, сояи сада, оби равон, ҷои нишаста пой шустани падар ва оқибат ба тангкўча нигоҳ карда қадам зад. «Тангкўчаро мошингузар кардан лозим» ба худ қарор дод ў ва сумкаи вазнинро аз дасти рост ба дасти чап гардонда, касе аз пас садо кардагӣ барин баргашта нигарист ва боз ба роҳаш равон шуд. Тобасангҳои сиёҳи шинос, ки то чаҳордаҳсолагиаш рў-рўи онҳо мерафту меомад; сарсарию хаёлӣ мерафт, оҳубарра барин ҷаҳида мерафт, яккалинг ва аккасурат – ду пой баробар ҷаҳида, аз чанд санг гузаштанашро аз назар мегузаронд, зери хок монда, ба кўрсанг табдил ёфтаанд, монанди чашмони падари ў нуру шафақашонро гум кардаанд...

пешина
аз 279
навбатӣ