Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Бо ҳамин кўриам андак-мундак йигитро назарам намегирад... А-аа? О, чӣ-ба гап намезанӣ? Ман ҳамин қадар мегўяму ту хап мешинӣ?!
Ормон ба суханони падар «ҳа, не» мегуфту мемонд, зеро пирамард гаронгўш буд ва бо тамоми овоз дод задан лозим меомад.
Барои ҳамин Ормон худдорӣ мекард, то овозаш ба дуриҳо наравад
– суханонашро мардум нашунаванд. Аз чунин сўҳбат пирамард дилгир мешуд. Баъд гилаомез мегуфт, ки писар суханашро дареғ медорад. Не, дареғ не. Ормон чизеро аз падар дареғ надоштааст. Ў ин корро аз барои мардум мекард – барои мардуме, ки аз нисф зиёд умри одамро бо гапу калоча мехўрданд. Ормон дар ин хусусҳо бисёр андеша мекунад ва ҳарфаш дар дил мемонад, барои ҳамин ба падараш ҳам «ҳа, не» мегўяд. Рафтору гуфтори ў баракси рафтору гуфтори падар: падар дар дил суханро дошта наметавонад; агар ҳозир аз Ормон ягон чиз шунавад, ба каси аввал дучор омада мегўяд ва аз ў мепурсад, ки шумо низ шунидед? На танҳо Ормон, балки ҳама гумон мекунанд, ки пирамард аз бекорӣ чунин рафтор мекарда бошад, лекин худи ў хубтар донад: «Аз надониста мурдан, дониста мурдан беҳ...» Ҳо, дили пирамардро ҷуз худаш каси дигар намефаҳмад; ў ягон ҳарфро пинҳон надошта, ҳамаашро мегўяд, бо вуҷуди он дилу нияти ўро пай намебаранд. Ў
1 монанди Падар Горио ба фарзанд меҳрубон, ғамхор, дилсўз; буду шу дашро барои онҳо сарф мекунад, вале Ормон мисли фарзандони бемеҳри Падар Горио ба мурдаи падараш расида наметавонад.
Ин аз рўи номеҳрубонӣ ва ягон буғзу кина ва ё молпарастӣ нест, балки аз рўи ноилоҷӣ ва раҳи дур, ки ин чизро пирамард медонист ва борҳо ба Ормон таъкид ҳам карда буд: «Ин техника; ободӣ дорад, вайронӣ дорад, оё рўзи мурдаи ман ба ту хабар мерасад, намерасад. Оё ҳаво мешавад, намешавад. Оё ба мурдаам расида метавонӣ, наметавонӣ...
Медонам, ки мурдаамро обурў мекунанд; ту накунӣ ҳам ягон кас ёфт мешавад; ҳама чизам тахт: ғами гўру кафанамро хўрдаам...
лекин мехоҳам, ки ту маро гўр кунӣ... Мардум нагўянд, ки мисли безурёт ба хок супориданд, каси хайротдеҳ надошт, хайроташ ҳалол не...»
«Ҳа-а, оё расида метавонам ё не?» саволи падарашро такрор кард ў аз мошини харсуръат алам гирифтанӣ шуда газро пахш кард ва боз тормуз дод.
Айби мошин нест, айби роҳ ва торҳои асаби худаш. Се соат гузашт, масофаи роҳ ба вақт мувофиқ аст, вале роҳ мусоидат намекунад ва бояд ки се соати дигар роҳ паймояд. Роҳи вазнин:
шебу фароз, обканду селовард, ки қад-қади Зарафшон меравад,
- Қаҳрамони асари Балзак касро дилгир мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё