Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мубориза ба кӣ лозим? Ба қавли Маддонқул нонатро ёфта хўр, ба тўи фарзандҳо тайёрӣ бин, то шарманда нашавӣ.
— Хаёли паст, – хуш наомад Ромизро. – Ору номуси бетаҳ миллатро ҳақир кунад. Соз нигоҳ бикунӣ, бубинӣ, ки мо рўихотиру ошною қарин гуфта ҳама чизро хор дорем.
— Чӣ мехонӣ? Порсола... Мо қавл додем, ки дигар дар ин хусус гап назанем, гап занем ҳам, фоида надорад, чунин масъалаҳоро ману ту ҳал карда натавонем. Бо адабиёту санъат тарбия кардани одам ниҳоят мушкил шудааст... Лекин тарбият бояд кард...
— Кор! Кор! Кор!!! Кор кардан, фақат дар ягон ҷо кор кардан не, Хуршед. Саҳнаи театр минбари тарбия шуда тавонад. Барои ин кадрҳоро ҷо ба ҷо бояд гузошт. Ин ҳам ба дасти мо нест... Ба дасти кордону корфармо ҳам нест. Мансуров, ки шаҳр зери дасташ, шаҳрдориро хуб медонад, обод карда тавонад. Рўзе ў раваду ба ҷояш каси дигар ояд, бинӣ, ки чӣ шавад.
— Мон ҳамон Мансуроватро! Ҳар киро монанд, кор кунад. Зеро нақшаҳо даҳ сол пеш тайёр. Ў донад ба кӣ хизмат карданро.
— Шаҳрро, ки обод карданист, ба ман маъқул.
— Овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.
— Инаш рост, ба чашми худ набинам, ба гўши худ нашунавам, бовар накунам... Одамоне ҳастанд, ки гиранду диҳанд, гиранду надиҳанд, диҳанду гирифта натавонанд. Якумаш замонасоз, дуюмаш муттаҳам, сеюмаш гўлу гумроҳ. Магар ин се хислат дар як кас ҷо шуда тавонад?
— Албатта тавонад: дар касе, ки гираду надиҳад, – ҳазл кард Хуршед.
— Гар ў диҳаду ман нагирам, кўр шавам, – мисраи Хайёмро тағйир дода гуфт Ромиз.
— Пас ҷаҳон бар чист? Бар дўши Самак, шохи гов, ё кафи даст?
— Дар кафи даст, Хуршед; ҳар гоҳ ки кафи дастат хорид, бидон, ки ҷаҳон дар кафи туст...
... Ромиз Хуршедро то истгоҳ гусел карда баргашт, аммо нафаҳмид, ки ў барои чӣ омада буд: барои алами ўро тоза кардан ва ё ягон алами дигар дошт? Ромиз фақат баргашт, вале хона надаромада дар гулгашти «Ҳофиз» хаёлӣ ва парешон қадам зада, як даст дар манаҳ сайр дошт. Хаёл кард, ки режиссёрии телевизион ҷуз инсенировкаҳои чанд ҳикояи суст имконияти дигаре надорад:
«Барои ман не. Беҳуда фикр кунам. Дар олам гапи ногуфта намонда, вале кори нокарда бисёр. Фикри зиёд мўй сафед кунад ва дил хароб...» Бо вуҷуди он фикр накарда наметавонад.... Ромиз либос накашида, хаёлолуд лаби кат нишаст ва бо ишораҳо чизеро ифода кард. Ишораҳо худи ўро маълум; маънӣ дошт, лек Саида чизе нафаҳмида, гумон дошт бо шў коре ё ҳарфе шуда. Пурсиданӣ, аммо ҷуръат надорад.

пешина
аз 428
навбатӣ