Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Халал ҳам нарасонад. Ромиз барои чунин хислату дурандешиҳо ўро нағз бинад. Ў даст ба ҳаво бардошта, давр занондан гирифт; ишораи дасти ў гирдгардон будани чизеро фаҳмонад.
Саида фаҳмид, ки Ромиз аз паи кадом нақшаи тозаест. Ва барои он ки хотири ўро парешон накунад, кўрпа ба сар кашид ва худро ба хоб андохт... Чанд муддат сонӣ садои Ромиз баланд шуд:
«Замона панде озодвор дод маро,
Замона чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст.
«Ба рўзи неки касон, – гуфт, – ғам махур зинҳор,
Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст».
18
Ба назари Ромиз чанд муддат хунаш суст гашта, фишори рагҳои хунгарди пушти дастонаш фурў хобиданд; хунук хўрад, кафи пойҳо дардманд шудаанд. Сабабашро худ донад: аз камхобӣ, сари вақт хўрок нахўрдан ва бештар аз сангбозӣ накардану пагоҳиҳо надавидан. Масхараомез ба панҷаҳои лоғар, рагҳои фурўрафтаи пушти дастон нигарад ва пириро ёд оварда заҳрханда кунад: «Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст»...
Субҳ гўё Ромиз дубора аз модар таваллуд шуд: ба кўчаи калон баромада тохт, дар саҳни ҳавлӣ санг бардошт, хеле гардиш кард, ба Хола-мулло салом дода сонӣ ба хона даромад, Саидаро ташвиш надода, собуну сачоқ бароварда зери қубури обгузар сару гардан шуст ва сар боло карда ба осмони мусаффо нигарист, ки аз сабаби сар хам дошта андешаманд гаштан дербоз осмонро ба чунин ранг надида буд. Дурусттар нигарист, гумонаш, ки замину само саросар нав гашта бошад. Ромиз дарёфт, ки ўро образҳои баҳодурию найзаварӣ начаспад. Даст ба гиребон шудан ва чакучук шамшер заданҳо барои ў нест. Махсусан баъди образҳои Артуру Эзопро офаридан, барои бозидани образҳои баҳодурӣ шавқ надорад. Ў актёри рўҳ аст ва бояд муборизаҳои ботинӣ ва қалбии ў мақсадро ифода карда тавонанд. Боз ҳамон гап, ки тамошобин ҳам бояд фикр кунад, фаҳмад, хулоса барорад. То кай ба даҳони онҳо хоида монӣ... Ҳамин тавр ҳаст; мардум хушзеҳн шудаанд, аз ишора маънӣ кашанд. Хитобаҳо, аз рўи қолаб асар офаридан ба дили онҳо задааст, асарҳое лозим, ки онҳоро ба андеша барад. Аз ин рў Ромиз бештар ба адабиёти ҷаҳон рў оварад; худро низ аз он ҷо дарёфтан хоҳад; ашъори Рўдакии бузургро писандад...
... Ромиз сурати зебои паҳлўи оинаро роста гузошта, хуб нигарист ва сурати гирёни муаллимаи нурониро, ки рўзи марги Ғиёс зор-зор гирист, пеши назар овард: «рўи оламро бигардӣ, чунин наёбӣ» аз дил гузаронд ва дуди сигаретро пуф ва дуди пеши чашм гирифтаро бо шамоли даст парешон кард, аз нав ба расм бодиққат зеҳн монд; гўё ҳолдон ва роздон бошад, ба гап даромад: «Одам сустиҳои зиёд дорад, бисёр аҳамият надеҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо