Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўё бо дили худ мубориза бурд ва пирўз омад. Чунин қаҳрамонӣ дер напоид.
Ғулғулаи дил ўро ором нагузошт. «Як дами дигар шинам, дилам кафад, Саида». «Хуб шиштем, Ромиз». Ромиз ба Саида ишорат кард, ки як дам кўчаҳо баромада қадам зананд. Саида шиками вазнинро нишон дода хандид. Ромиз гумон кард, ки танҳо барояд, хоҳ-нохоҳ ҷониби хонаи Ҷаҳоноро равад ва агар дар чунин ҳолат дучор шаванд, дағалӣ карда якдигарро хафа кардан аз эҳтимол дур нест. «Хуб, лекин дур намеравем» гуфт Саида...
— ...Монда шудам, Ромиз, бармегардем, – ба кўчаи калон набаромада бозгашт хост Саида.
Хоҳиши Саида ба Ромиз хуш омад. Вай Саидаро то хона овард, вале худ тоқат накарда, боз баромада рафтанӣ буд, ки аз пушти дарвоза садое омад:
— Мурғи курк бист рўз тухм пахш кунад, вале Ромиз як моҳ аст, ки аз мурғонча набарояд. Кадоме курктар? Масъаларо ҳал кунед.
— Курктар мурғе, ки тухм накунад, – сигарет кашида баромад Ромиз ва Хуршедро дар ҳайрат гузошт:
— Аҷаб, партофта будӣ-ку?
— Нашуд...

«Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона».

— Рост, хирадманде наёбӣ, – ҳазломез гуфт Хуршед.
— Марҳамат, – сўи хона даст бурда гуфт Ромиз.
— Ташаккур, туро дидам, шуд. Хабар нагирӣ, кўча набароӣ...
Душанбе васеъ шаваду дили ту танг.
— Ҳаминаш хуб. Пойафзоли танг зуд даррад.
— Подшоҳе ҳакимеро наздаш хонд: «Ё ҳаким, агар дили танги маро васеъ карда тавонӣ, нисфи давлатам аз туст».
Ҳаким гуфт: «Подшоҳо, дили танги шумо васеъ нашавад, вале шояд ки дуто гардад»...
— Инаш ҳам мумкин.
1
— Агар ошуфта бошӣ, назди Шокир барам, ҳикояти «Ургутӣ»
ва ё қиссаи «Бухорӣ»-ро гўяд, кушода шавӣ.
— Ҳа, ў бало, устухон надорад...
— Лекин ғами ба сари ў омадаро кўҳ бардошта наметавонист.
Ў бо думи шер не, бо худи шер бозӣ кард. Агар ману ту ба ҷои ў будем, бо чунин феълу хў аз бозӣ баромада мерафтем.

  1. Кинорежиссёр — Муборизаро, ки сар кардӣ, то охир расон, гўӣ?
пешина
аз 428
навбатӣ