Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва Ромиз фикр кунад, ки ин аҳвол рўзе ба сари хонаи
Мулло-амак низ ояд; зеро дар атрофи хонаи ў биноҳои баланд қад кашидаанд...

17

Ромиз баъди як ҳафта аз назди боғ гузашт ва ҳайрон монд.
Миҷа зада-миҷа зада, ба чашмонаш бовар накарда, ба он сў нигарист, пиндошт, ки афсона; дар афсонаҳо чунин: дар они воҳид вайрон гардаду обод. Панҷараи пеши боғ набуд. Ёдаш омад, ки пештар пул дода ба ин ҷо медаромаданд, вале ҳоло атроф кушода, гулзор, роҳи пиёдагард васеъ ва қирпўш. Чашми мардум одат накардааст, ҳамон хонаҳои чўбиву гилӣ дар ёдашон ҳаст, гумонашон, ки онҳо хубтар буданд...
Ромиз беихтиёр мерафт, ба ҳавои по мерафт, вале надонист, ки куҷо равад. Ў дар бораи инқилоби дил андеша дошт, қариб ҳукм баровард, аммо надонад, ки ба дили хеш инқилоб кардану ҳукм баровардан амрест муҳол. Ҳатто пай набарад, ки ҷавонзане ба дили ў оташи «инқилоб» афрўхта. Наход кори шайтон бошад, ки ўро аз бистари гарм бурун овард? На, дили ў, дили беқарори ў, тапиданҳои он чунин безобитагиҳо дорад. Вагарна дар ин ғояти шаб чӣ ҳоҷати бистари гарму нармро тарк кардан? Ў сигарет кашаду пуф кунад ва надонад, ки куҷо равад; ваъдаи Ҷаҳоноро, ки рўзи бозор аст, то он рўз рўзҳои дигар ҳастанд... «Хайр, онҳо чандон осуда зиндагӣ надоранд, лекин ман чӣ? Саида ба ман чӣ бадӣ кард? Гуфти Хола-мулло: ман садқаи Саида шавам...
Гап дигар: хайр гуфтем, ки тамоми бозиҳо, аз ҷумла, ишқбозӣ аз бекорист. Вале ман – коргар-ку? Виҷдону эътиқод шиша барин нозук, як шикаст, дигар пайванд нашавад... Агар дил ғалаба кунад? Ман онро идора карда натавонам? Ҳа, танҳо иродаи суст ба чунин роҳ барад, вагарна аз одам муқтадиртар ҷондоре нест.
Ҳамин тавр...»
Дар тирашабон дуди сигарети ў маълум нашавад, аммо чунон шавқи кашидан дошт, ки баробари нафас дудро фурў мебурд. Зеро аз манаҳсоӣ ба сигареткашӣ гузашт...


Дар вуҷуди Ромиз ду хислати ғайриихтиёр буд: пеш аз борандагӣ табъаш хира ва баданаш ланҷ мешуд ва баъди борону барф
чеҳрааш мекушод. Касони синну солашон ба як ҷо расидаи ба ин
дард дучоршуда тани худро «ҳавосанҷ» гўянд. Ҳолати дигар: агар
пагоҳ-фардо бо Ромиз ягон нохушие пеш ояд, имрўз таги дилаш
сиёҳӣ барорад. Аммо вазъу ҳолати имрўзаро худаш сохт; ду рўз
андеша кард, ки ба мулоқоти Ҷаҳоноро барояд ё на. Баъд дандон ба дандон монда вақти мулоқотро дар хона гузаронд.

пешина
аз 428
навбатӣ