Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Тоҷикистон панҷоҳсола шавад, аз хиёбон Марказӣ парад гузарад. Одам бисёр... Рост, роҳро васеъ кардан лозим, – гўё ба мири шаҳр ҳамфикр шуда гуфт Ромиз.
— Хайрият... Оқибат фаҳмидӣ. Фаҳмидӣ, ки ба ин аҳвол истодани шаҳр имкон надорад. Шаҳр васеъ шавад: аз шимол кўҳро танг бикунад, аз ҷануб дарёвотро хушк гардонад... Он гоҳ ҳоли чанори ман чӣ шавад? Лозим меояд, ки ҳамаи хотираҳои мардумро ҷамъ кунем, ақаллан «чанори ман» дар саҳифаҳои китобҳо боқӣ бошад... Боз донӣ, ки байни рўдҳои Варзобу Лучоб Университет созанд?
— Ҳооо... Донам, ки хати шаҳр аз чанор то Варзоб равад...
— Ромиз, агар дар ин ҷо хона созанд, аз ҳамин ҷо хона бигир.
— Хўш-ш-ш!
— Не нагўй, бой диҳӣ.
— Агар ту мири шаҳр шавӣ, хоҳам гирифт...
— Пас ин масъала ҳал...
Як мошини оҷранг аз ҷониби Варзоб омада, як бор чароғҳои дурнамояшро фурўзон карда, кушт ва рў ба рўи мардум, ки ба тўли роҳ қатор истода, користони шабонаро тамошо доштанд, қарор гирифт. Аз даруни он як марди гаронвазн баромад. Қомати вазнинашро рост карда, ба атроф нигарист ва якка-якка қадам зада ҷониби «корзор» рафт.
Хуршед ба соаташ нигарист: ёздаҳ.
— Ин мардак, ки хурўс барин барвақт хезад, кай хоб кунад?..
Хурўс танҳо барои хестану хезондан нест; он посдори шаб аст, то панҷ вақт бонг зада одамро аз ғафлат ҳушёр гардонад. Аз он ки саҳар хезад, шом нашуда ба мурғонча дарояд.
— Ин хурўси «мурғонча» не, – ҳазл кард Ромиз. – Ин хурўси як шаҳр.
— Ин мард қариб тамоми шаҳрҳои дунёро гаштааст; сохти шаҳрҳо, зебоии онҳо, тартибу ороиши онҳоро дидааст; инак ҳар рўз бо сарархитектори шаҳр маслиҳату машварат орояд, то чӣ шаҳре созанд... Ин кори саҳл нест ва кори ҳар сар ҳам нест. Масалан, тоҷирон ҳазор бор ба шаҳрҳои дигар сафар кунанд ҳам, ба ин чиз эътиборе надиҳанд, фикру зикрашон савдо.
Раис зери чанг монд, ки барнагашт. Ромиз ин ҳамаро фаҳмад:
вайрон нашавад, обод нагардад, лекин дар тааҷҷуб буд, ки чаро магазини калони «ЛЮКС»-ро вайрон кунанд?
— А, Ромиз? – риштаи хаёли ўро канд Хуршед.
— Чӣ?
— Раис низ кор кунад?
— Шояд...
Кор чунон ҷўшида буд, ки то саҳар агар монад, аз ин биноҳои пасту пачақ хокрўба монад ва дар шохи дарахтони атроф чангу ғубор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо