Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман аз шумо шикори мушро пурсидам, на мушдоруи афандиро... Тарзи мушдории замонавӣ чунин: як пуфаки калонро дам пур кунанд, даҳонашро калон кушода, андарунаш чанд дона чаҳормағз гузоранд ва поида шинанд; чун муш омада даруни пуфак даромад, пуфакро бо тир зананд ва пуфак пуч шуда ба бадани муш часпад, вассалом...
Ромиз ба Хуршед нигарист, ки ин чӣ гапе буд, ки ту гуфтӣ?
Хуршед чашмакӣ зад, ки сабр бикун, ҳозир... Аммо имою ишораҳои ў тамом нашуда Ҳусайн-подхалим ва ҷўрааш Мерган илтимос карданд, ки бори дигар Хуршед тариқи мушгириро гўяд, онҳо навишта гиранд, зеро дар зодгоҳашон илоҷи нобуд кардани мушро надонанд.
Ромиз аз зери абрўяш сахт ба Ҳусайн-подхалим нигарист, ки ин чӣ нофаҳмиест: – Шумо ҳам шўх-а, мулло Ҳусайн.
— Чӣ хел, мулло?
— Шўхиомез ҳамин чизро навишта гирифтанатонро гўям.
— Валло, ки бешўхӣ...
Бўи зирбак омад...
Ромиз аз ҷонварони қафасҳо ҳам беқарортар буд. «Ман надонистам, ки Ҳусайн ҳам меояд, Ромиз» чун узр аз дил гузаронд Хуршед. Гўё ў гапи аз дил гузарондаи Хуршедро фаҳмида, хеста сари дег рафт. Хуршед ҳам аз паи ў шуд. Зафари мошиндор, ки то ба дасти худ ош напазад, ошхўрдагӣ барин намешуд, кафгир ба дег мезад, аз омадани Ромиз ба сари дег хушҳол гашта, кафгир ўро дароз кард, то зирбаки дегро бикобад. Ромиз «медонӣ, ки аз дастам намеояд» гуфта миннатдорӣ кард ва «ҳоло ош дер, як ҷонваронро тамошо кунем» гуфта дур рафт. Ромиз ҳама гуна паррандаю хазанда ва чарандаҳоро «ҷонвар» гўяд, ба «ҳайвон»
гуфтан забонаш нагардад, ва аз касе сахт хафа шуда ғазабаш дар танаш нагунҷад «ҳайвон!» гуфта дашном кунад ва боз касеро, ки пўку бемағз бошад. Ў тамошоро аз шипангу ошдонҳо сар карда, оҳиста-оҳиста сўи қафасҳо рафт. Хуршед нияти Ромизро дарёфта, аз ў ҷудо нашуда, мерафт. «Ман ҳам кайҳо боз тамошо накардаам, хирси обиро надидаам. Вайро бинам, муллои каллаларзони деҳаамон ёд меояд». Ромиз Хуршедро ребу фиреб дода, «ҳамроҳи онҳо будани ту шарт» гуфт, нашуд. Ва ноилоҷ ба забон омад:
— Ба ту гуфтам, ки кор дорам, мулоқот дорам... хаёл кардам, ки ош тайёр...
— Дурўғ! Бовар надорам, ки... намехоҳам гўю мон.
— Намехоҳам, вассалом! – чашм аз оббозии хирси сафед канда ва ба Хуршед нигоҳ карда гуфт Ромиз.
Хуршед чунон вонамуд кард, ки сухани ўро нашунид ва аз ў дур нашуд.

пешина
аз 428
навбатӣ