Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Уҳу-уҳу...
Хуршед пай бурд, ки Ромиз аз ҳарвақта дида хушҳолтар аст, барои ҳамин бо вай бозию шодӣ карда рафтан имкон дорад. Лекин баъди он ки билет гирифта ба боғи ҳайвонот даромаданд, Ромиз боз ба фикр ғўттавар шуд, Боғи ҳайвонот аз маркази шаҳр дур не. Дар рў ба рўи ҷои оббозии онҳо; он канори наҳр. Як замон ин ҷо канори шаҳр ҳисоб мешуд ва агар гўянд, ки ба шумо аз назди боғи ҳайвонот хона медиҳанд, мардум ноз мекарданд, вале ҳоло он ҷо маркази шаҳр буда, ҳар кас ҳавас бикунад, ки аз он наздикиҳо хона гирад. Дар гўшаи шарқии боғ, ки аз он ҷо садои рўди Душанбе шунида шавад, шипангҳо сохтаанд. Хуршед пешопеш ва Ромиз аз паси ў (шармӣ) сўи шипанг рафтанд. Баччаҳо (ба қавли Хуршед) турб тоза мекарданд ва пиёзу кашниз. Гарчӣ онҳо аз омадани Ромиз шод буданд, Ромиз худро ноҳинҷор эҳсос кард; зеро онҳо байни худ дар хусуси кирдорҳои ў ҳар гуна шунида гуфта, механдиданд. Ромиз худ аз худ оташ гирифта сурх шуд; якбора хомўш гаштани онҳо ўро ба чунин ҳол овард: «Ман биравам-чӣ, Хуршед?» маслиҳатомез дар дил гуфт ў. Хуршед пай бурд, ки ранги сурх аз рўи ў рафта қуташ канд. Баланд сурфид...
Садои фиғони маймун омад. Оҳубарра бааа гуфт, ға-ғаи мурғобӣ, қут-қути филмурғ ва як садои «чу»-и баланди уқоб омад.
Ба гўши Ромиз расид, ки ҳама ҳайвону парранда «моро аз қафас раҳо кунед» гўянд.
«Орзуи делфин як бор ба қулла баромадан будааст!» – хомўширо шикаст Ҳусайн-подхалим, ки як умр гапаш бо Ромиз намепухт.
Ромиз лаб газид.
«Шабпар на ҳайвон аст ва на парранда. Барои ҳамин шабпарро бинад, ман шабпар гўяд ва мушро бинад, ман муш! – гуфт Раҷаб ва ба назари Ромиз расид, ки ў ба Ҳусайн ҷавоб гардонд.
«Шумо донед, ки аз сагобӣ чун пўст кананд? – ба гап ҳамроҳ шуд Хуршед. – Сагобиро дошта аз ду пои қафояш дар дорбоми хона овезанд, баъд тағораеро пур аз об карда, дар зераш гузоранд.
Сагобӣ қад ёзад, то ба об расад, аммо ба об нарасида ҷон диҳад.
Чун пўсташ ёзад, бикананд...»
«Хуб, ки маро ин ҷо овардӣ, Хуршед, вагарна на ин ҳикояҳоро мешунидам ва на ҳайвонҳоро медидам....» – бо оҳанге, ки «афсона»
гуфтанд, фармуд Ромиз.
«Ва боз донед, ки мушро чун шикор кунанд?»
— Медонем, – гуфт Ҳусайн-подхалим, ки гўё ҳикояҳо ба фоидаи ў бошанд.
— Ку бигў!
— Уҳу-уҳу, – остин барзада ва гулў равшан карда, артистона ба гап даромад Хуршед. – дар як деги калон об ҷўшонанд. Мушро аз думаш дошта, ба оби ҷўш зананд ва баъд даҳони онро кушода марги муш андозанд ва...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё