Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз садои шиносро шунида ришгиракро аз электрик ҷудо кард ва ба рўи нотарошида даст бурда, аз омадани Хуршед шарм дошта, набаромада истод. Ва баъди марҳамати Саида вай аз дар сар халонда салом дод ва «берун намебароӣ?» гуфта пурсид.
— Мебароям, – баъди даст дода пурсупос кардан ҷавоб гардонд Ромиз ва ришгиракро ба Хуршед нишон дода гуфт: – Нав фаҳмидам, ки кас пир шавад, чӣ машаққате доштааст.
— Пир шудӣ магар?
— Не, ришгиракро гўям, пир шудааст. Дандонҳояш чун дандонҳои Рўдакӣ фурў рехтаанд...
— Ин хел пириро ҷавонӣ ҳаст, вале пирии одамиро ҷуз марг илоҷе нест... Мон, ин мавзўъ барои мо бегона, мо ҳоло пир нестем, фақат ба сўи пирӣ равонаем. Ва барои он ки мо ҷавонпир набошем, омадам, ки туро гирифта барам.
— Назди чашмаи Замзам?
— Бале, ҷое равем, ки аз гуфтаат кам нест.
— Ку гап зан.
— Боғи ҳайвон барам.
— Арзанда, – гуфта Ромиз бори дигар бо сачоқ рўи нами арақ гирифтаро пок кард ва боз мошинаро ба электр пайваст, ки риши боқимондаро гирад.
— Алмоси хориҷӣ надорӣ.
— Не, ман яғон чизи хориҷӣ надорам...
...Онҳо хомўш мерафтанд. Ромиз бовар кард, ки Хуршед ўро ба боғи ҳайвон барад, аммо барои чӣ? Надонад.
— Ана чанори каҷат, метавонӣ афсонаҳоятро давом диҳӣ.
— Аввалан, чанори каҷ не, чанори пир ва...
— Фарқ надорад; пир ки шудӣ, каҷ гардӣ, – гуфт Ромиз ва ба чолчанори дерсолаи нимхушку нимтар нигарист. Чолчанор ягон шохи сиҳат надошт, ҳама аз ним-ним парида буданд. Бехи он ғафстар шуда, мисли пои пардадори мурғобӣ ба атроф паҳн шуда, зери хок фурў рафта буд. Дарахт он қадар бақувват намуд, ки чанд булдозер якзўра шавад, ҳам онро решакан карда натавонад.
— Ба қаъри замин фурў рафта, – ба танаи мустаҳками он даст расонда гуфт Хуршед.
— Ана инро решадавондан мегўянд, – гапи ўро қувват дод Ромиз. – Кирои гап.
— Шаҳр дигар шуду ин дарахти ёдгор чун нофи шаҳр пайдор.
— Солҳои ҷанги гражданӣ ту дар куҷои ин дарахт пинҳон шуда, шинак гирифта будӣ? – ҳазлу шўхиҳои Хуршедро дар назар дошта пурсид Ромиз.
— Ҳо ана дар он ҷо, дар душохааш, – ба ишораи даст гуфт Хуршед.
— Баъд дар ҳамон ҷои баромадаат байрақ зада намондӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё