Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Тинҷӣ?».
— Тинҷӣ, – мижгон ба ҳам баста ҷавоб дод Ромиз. – Саида!
— Лаббай...
— Касе туро аз ҷамъият ронда бошад, ба ҷамъият баргардонда тавонад?
Саида бо мадади шў ба по рост шуд ва рўй ҷониби ў гардонда «нафаҳмидам, Ромиз» гуфт.
— Аз пода пеш чанг накунем, сонӣ ҳамаашро мефаҳмӣ.
— Не, ман намефаҳмам, ки вай чӣ хел кас будааст, ки одамро аз ҷамъият мерондааст ва боз қабул мекардааст?
— Яъне, Рўдакӣ. Ман аз барои ў аз театр рафтам ва боз ба хотири ў ба театр баргардам:
Мушаваш аст дилам аз карашмаи Салмо,
Чунон ки хотири Маҷнун зи турраи Лайло-е, войе.
Ушшоқ кард Ромиз ба оҳанги «Дугоҳ» ва мўйи дарози завҷаро ба гарданаш печонд. Ин аҳвол ба Саида ҳам хуш омад ва ба Ромиз ҳам...
Ромиз манаҳ соид ва риши аз ҳад зиёд расидаро молида-молида ришгираки электриро маломат кард, ки хар-хар кунаду тораҳои ришашро канад. Аз ин ҳол ба танг омад, ки дар чунин ҳолат, ки кас худро ниҳоят хушу хуррам ҳис мекунад, ин эъҷози одамӣ аз хидмат сар кашад, барқасди нияти одамӣ амал кунад. Ришгираки бадхўро зада шиканад, боз сазои сари худаш... Ў корро осон карданӣ шуда, аввал ба ришаш собун зада, хушк кард ва сонӣ ба ришгирӣ даромад. Садои нофорами ришгирак гўшу майнаашро хўрд. Ба ойина нигарист, ки ними рўяш тарошида ва ними дигар сип-сиёҳ риш: одами дурўяро монад. Хандааш омад, вале зуд қиёфааш дигар шуд. Ў медонист, ки ришгираки электрӣ риши расидаро нагирад, лекин ҳамин хел рафтор кард...
— Ту худатро ҳайф бикунӣ, Ромиз, – наздик омада гуфт Саида ва ба рўи гардондаи шавҳар нигоҳ карда хандааш омад.
— Ба фикри ту чӣ кор бояд кунам?
— Ту бе театр зиндагӣ надорӣ; ту – моҳӣ, театр – баҳр.
— Ҳама гап дар ҳамин, ки ман – моҳӣ, на наҳанг!
Саида маънии гапи шавҳарро фаҳмид. Ромиз ҳамин рамузро дониста сачоқ гирифта, арақи сару гардани ўро пок кард...
— Тўқсабо ҳамин ҷо? – аз беруни дар садои ҳазломез омад.
— Ҳамин ҷо, – ҷавоб гардонд Саида, – лекин ба ҳоли ҷўраатон нахандед.
Хуршед аз ин гапи Саида ҳайрон монд, вале ўро хушҳол дида, аз дари хона ҳазл карда даромад:
— Тўқсабо аз ҳисоби янга зиндагӣ карданӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё