Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Некбахт он касе, ки доду бихўрд,
Шўрбахт он, ки нахўрду надод,
Боду абр аст ин ҷаҳони фусўс,
Бода пеш ор, ки ҳар чӣ бодо, бод!

Ў овози худро нашинохт. Хаёл кард, ки Рўдакии пандгў аз як баландӣ – аз сари кўҳи Ҳуснобод ба тамоми олам ин пандро хонад. Ромиз китобро бори дигар пўшид, ба хаёл рафт: «Чӣ хел?
А? Чӣ хел?» Ў барои худ гираҳе, муаммое пайдо кард, аммо барои кушодани он тадбире бояд андешид. Ҳама умр андеша карда, ба ваҷд омаданашро касе надидааст, якбора мушт бар миз зад ва он чӣ аз «Ҳамлет» барояш маъқул афтода буд, такрор кард: «Ҳаёт ё мамот!». Сонӣ ин бозёфтро ба завҷааш гуфтанӣ шуда, фарёд зада аз дар баромад:
— Саида, ҳо Саида! – вале ба ҷои Саида соҳибаи хона ҷавоб гардонд:
— Саида рафт...
— Куҷо рафт?
— Рафт. Қаҳр карда рафт...
— Чӣ-ӣ?
— Қоида одам ҳамин хел мешавад?
— Чӣ хел?
— Як одами дупа-дуруст, боҳунар кору борро партофта, қаландарона риш монда, хона мешинад?..
Ромиз аз ин гапҳои Хола-мулло ҳайрон монд.
Хола-мулло махсус ба Ромиз нигарист, ки рангу ҳолаш чун шавад. Парешон шуд ў, асабӣ шуд ў ва Хола-мулло дар дил табассум кард, ин ҷавонмарди қайсарро танҳо Саида тавонад фармонфармоӣ кунад. Маълум, ки ҳаяҷони ў, ғазаби ў дар танаш нағунҷад, вале илоҷе надорад, ки соҳибаро ягон чиз гўяд...
Ҳамин вақт Саидаи вазнин як халта магазинӣ овард: шир, равғани зард, ҳасиб, нон ва боз ким-чиҳои дигар. Ў низ Ромизу соҳибаи хонаро дида ҳайрон шуд. Ранги кандаи шавҳараш ҳайрати ўро афзуд. Ба Хола-мулло нигарист. Хола-мулло табассум кард:
— Ба муллоҷон ҳазл карда гуфтам, ки Саида қаҳр карда рафт, хафа шуданд. Келин-мулло, маълум, ҳамааш маълум шуд, метавонед муллоҷонро зиёдтар азиз доред.
— Пир нашавед, Холла-мулло, – дуои Мулло-амакро такрор кард Саида.
Хола-мулло табассум карда «Мулло-амакатон аз шумо хафа, муллоҷон» гўён аз дар баромад.
— Рост, Саида, мо Мулло-амакро фаромўш кардаем...
...Саида монда шудааст, ки рўи фарши хона нишаст. Ромиз ўро аз зери бағал гирифта бардошт. Саида аз нафаси ў пай бурд, ки дигаргуние ҳаст ва баргашта аз таги манаҳи шавҳар нигарист.

пешина
аз 428
навбатӣ