Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз ба ҳама гуна суханҳое, ки дар сари гўри Ғиёс гўянд, эътибор ва гўш диҳад, то бидонад, ки дар зиндагиаш дар ҳаққи ў чӣ мегуфтанду ҳоло чӣ гўянд ва дар байни ин қадар гапҳо ва он қадар ёдовариҳо чунин фикре ба сари ў омад: «Минбаъд маро кӣ «Эзоп!» гўяд?»
Марди деҳотии зиёипўш лаб хояд ва мушт фишорад, то ҳасрати дили худро фурў нишонад. Монанди кўдаке, ки ба як пула кор лати зиёд дида бошад, истода-истода аламаш тоза шавад. Ў худдорӣ кунад, вале дилаш фишурда шавад. Ҳаяҷонаш аз андоза зиёд аст. Ва ин безобитагиро ҷуз худаш каси дигар надонад. Ўро режиссёр ба назди директор бурд, ки барои сухан гуфтан иҷозат бидиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ў лабонашро лесид, гулўяшро молид ва нами зери забонашро макида ва боз лабонашро нам карда, ба сухан даромад:
«Дўстам, бародарам, ҷигарбандам, ҳамдарсу ҳамрози кўдакиям
– Ғиёсиддин! Хобат бароҳат бод!.. Ту бекас набудаӣ, ту танҳо набудаӣ, дўстам! Ман надониста будаам, ки ту ин қадар дўст дорӣ, надониста будаам, ки ин қадар бонуфуз ва ин қадар боэҳтиром ҳастӣ... Кас аз ин зиёд... кас аз ин зиёд... аз ин зиёд... хушбахт...»
давоми суханашро гуфта натавонист. Гўё сухани ўро режиссёр давом дод: «Марги актёри хуб барои театр талафот аст. Ғиёс ҷони спектаклҳои мо буд. Ў саҳнаро ба ҳаракат медаровард, ба спектакл рўҳ ва ҷон мебахшид. Агар Ғиёс дар песае нақш надошта бошад, ба назари ман, дар спектакл чизе намерасид...»
1 «О-о, Ғиёс!.. Ко-ош ҳамин вақт Уленшпигел мешудӣ! – орзу мекард Ромиз. – Ко-ош бори дигар маро «Эзоп!» мегуфтӣ!»
Ҳоло ҳам муаллимаро медоштанд.
Ҷасади Ғиёсро ба хоки хунук супориданд.

9

Ромиз аввалин бор аз як кори нокардааш сахт пушаймон шуд.
Вай орзу дошт, ки саргузашти Ғиёсро навишта гирад, агар аз ўҳдаи хаттӣ навиштанаш набарояд, ақаллан дар лентаи магнитофон сабт бикунад, аммо бо чанд сабаб ин кор амалӣ нагардид: аввалан Ромиз ҳоло хонаи боб надошт, ки хапу дам ўро навишта гирад:
воқеан, магнитофон ҳам нагирифта буд, сониян гумон надошт, ки Ғиёс ба ин зудӣ оламро тарк бикунад. Аз ин ҷиҳат, ки дилпур буд, ташвишу таҳлука ҳам накард. Ў умед дошт, ки чунин корро дар хонааш (дар хонаи нав албатта) ба амал биёрад. Дареғ... «Кош дар намоиши телевизионӣ саргузашти ўро, қиссаи ўро навишта гирифта бошанд...»

  1. Уленшпигел – қаҳрамони асари Шарл де Костер, ки баъли гўронидая зинда шуда, хокро бардошта мехезад.
пешина
аз 428
навбатӣ