Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў андешамандтар аз рўзҳои гузашта қадам занад. Вале андаке сараш хам. На аз барои ғамӣ будан, балки бештар барои он ки аз сар боло гирифтан касе ба ҷое нарасида. «Аз фазои холӣ касе чизе наёфта, ҳама чиз дар замин» андеша дорад ў. Ва дар чунин ҳолат ҳам даст аз манаҳ барнагирад; манаҳ моладу сояд. «Саргузашти Ғиёсро кайҳо навиштаанд, – хулоса барин ба худ гўяд
1 ў. – «Қисмати як инсон» ҷамъбасти қисмати ҳамин қабил касон аст.» Вале ба ин фикр ҳам қонеъ нашуда, афсўс хўрад...
Ў пай бурд, ки яқ садои пошна ба ў наздик омада, боз худро ақиб кашид; пуршаст омаду якбора суст шуд. Ў бозистод. Даст аз манаҳ гирифта ба он сў нигарист ва хотири дар ёди Ғиёс обшудааш барошуфт. «Шумо? Ин шумо?» дили ў садо дод ва ў даст ёзонда пеш рафт, вале забонаш кор накард. Ҳамчунон, ки мурдаи Ғиёсро
2 дида забон ба комаш часпида шеъри «Ман намемирам»-ро хонда натавониста буд, ҳамин тавр шуд..
— Дилатон ганда нашавад, – оҳиста гуфт Ҷаҳоноро.
Ромиз чандин бор мижа зад ва таъзим кард. Гўё ҳоло ҳам забонаш кор намекард.
— Ман хостам... хостам, ки ҳамон рўз шуморо дилдорӣ кунам, лекин одам бисёр буд.
— Шумо... Ш-шумо... ў-ўро ҳам дидед? – забонаш гирифта пурсид Ромиз.
— Киро? – хеле тааҷҷуб карда пурсид Ҷаҳоноро.
— Шумо ўро, давр зада ба сари тобут омадани ў ва гиряҳои ўро надида бошед, ба гуфтан тасаввур карда натавонед... Бас, худи ҳамон бас... ҳа-а... ҳар кас бояд ҳамин хел каси дар рўзи маргаш гиря мекардагӣ дошта бошад.
— Шарт не, ки ба маргаш гиря кунад, ба назари ман барои инсон чунин касе лозим, ки ўро аз чунин марг эмин дошта тавонад...
— Ҳа-а-а, – ҳайрон шуда ба ҷавонзан нигарон монд Ромиз. Ва баъд сар ҷунбонд. – Гумонам буд, ки шумо ба марги ман мегирйед, мебинам, ки аз марг наҷот доданӣ ҳастед. – Ромиз хеле ба ў зеҳн монд, вале гуфта натавонист.
— Талафоту қурбониҳои ҷанг бас аст... Лекин мебинам, ки олам пур аз ҳаводис...
— Э-э Ҷаҳон... Олам чунон таҳдор, ки касе ба он нарасидааст.
— Не-е таги онро хуб донистаанд. Агар намедонистанд, революсия зулмотро ба олами нуру зиё бадал намекард.
— Ҷаҳон... Ман гумон доштам, ки занҳои мо фақат дар бораи латта фикр мекунанд...

  1. Номи ҳикояи М. Шолохов.
  2. Шеъри Лоиқ.
пешина
аз 428
навбатӣ