Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Обрўманд будааст Ғиёс, ки ин қадар аз паси тобути ў одамон кўчаҳоро пур карда, мошинаҳоро аз ҳаракат боздошта, роҳҳоро банд карда мераванд...
...Як пора абр пеши офтобро гирифт. Соя афканд, то «ҷанозахонҳо» дар офтоби тамуз насўзанд. Лекин чаро ин абр нагиристу танҳо соя кард? Вай аввал пеши офтобро гирифт, сонӣ паҳн шуда осмони нилгунро пўшонид.
Ҳай гирист он занак, ҳай гирист он муаллимаи нуронӣ, ки дар ашкдонаш ашк намонд. Ў бо як ҳасрат сўи тобут нигарист.
Вай чӣ ҳасрате буд, ки ба касе гуфта натавонист. Вале мардум тааҷҷуб доштанд. Ҳатто аҳлу аёли ба ин рафтори занак аҳамият дода кӣ будани ўро донистан мехостанд. Аммо барои ин занак фарқе надошт, ки кадоме ба ў ба чӣ ранг нигарад...
Марди баландқомати пуррарўй ва андаке гарданаш каҷ қадаме пеш гузошта, хеле хомўш истод, гўё нахост хомўшии сари гўр халалгор шавад. Мазмун, аз ҳаяҷон арақ кард, ки чашмонашро не, балки пешониро сутурд ва боз дастрўймолро ба киса андохта коғазеро баровард.
— Рафиқон! – гуфт ў ва хеле ором истод, гўё алам ва ғаму андўҳи худро ифода карданӣ буд, сонӣ артистона сар бардошта муроҷиат намуд: – Дўстон! Мо имрўз рафиқи худро ба роҳи охирин гусел мекунем, ки ҳамкор, ҳамнишаст ва ҳамнафаси мо буд... Ба гумони ман рафиқи мо – Ғиёсро ҳама хуб мешинохт. Ў мухлисони зиёде дошт ва бо ин роҳ театри моро пур-пури одам мекард. Ин чиз аз аҳамият холӣ набуд... Хизматҳои рафиқи мо Ғиёс зиёд аст. Ҳаёти босаодати Артисти Хизматнишондодаи мо ба ҳар кас насиб нашавад...
Ин марди хушгуфтор директори театр буд. Ў бо оҳанге суханро тамом кард, ки бояд мардум қарсак мезаданд, гумонаш ҳам ҳамин буд. Вале мардум хомўш будаад; гўё касе нафас намегирифт. Баъд худи ў мардуми сукутварзидаро бедор карданӣ шуда сурфид:
— Сухани видоӣ ба ҷонишини вазири маданият, ана шумо, дода мешавад.
— Вақте ки истеъдоди бузург шуморо тарк мегўяд, гумон мекунед, ки чизи дўстдоштаатон ва каси наздикатонро гум кардед. Ғиёс фарзанди вазорати мо, булбули маданияти мо буд. Аз фарзанд ҷудо шудан... – буғзи гулўяшро фурў бурда, лабони хушкашро лесида ва талабгори об шуда, аз рўи одат минбар гумон карда, ба паҳлў нигарист ва ҷумларо аз нав сар кард: – Ғами фарзанд кўҳ барин, доғи онро аз дил шустан мумкин нест. Номи Ғиёс дар қатори номҳои боэҳтироми бисёр актёрони обрўманди мо меистад. Вале марги муфоҷот ин рафиқи хубро аз байни мо бурд. Мо бо марг оштинопазир ҳастем... Ў аз мо рафт. Ёдаш ба хайр!..
Муаллимаи нуронӣ гап дорад, сари дилаш пур, вале маҷоли сухан надорад. Ҳоло ҳам аз ду тараф ўро медоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё