Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Замоне буд, ки ҷумлаи мардумон ба ҳамдигар шубҳа доштанд ва зери пои якдигар мекофтанд. Аз қазо рўзе қуръаи бадномӣ ба унвони марде афтод, душмандор шуд, бар гардани ў айби зиёде бор карданд ва ҳангоми гаронии кор ҳама аз ў рў тофтанд. Билохира навбат ба писари ў омад, пурсиданд:
— Ин падари ту бошад ва ту – писари ин. Бигўй, ки чӣ гуна хиёнат ва носозкориҳои ўро дидаӣ?
Писар ҷавоб гуфт:
— Шумо иштибоҳ мекунед, ў маро падар набошад ва ман ўро писар.
Толор мисли шири дамида буд ва гўё оташи таги дегро кашиданд, ки аз ҷўш монда, фурў рафт. Падар пай бурд, ки писар барои халосии ҷони худ чунин рафтор кунад, даъвии ўро тақвият дод:
— Ин ҷавон дуруст гўяд: ҳаргиз ў писари ман набошад...»
Ромиз «ёфтам!» гуфт дар дил, аз сари миз парида хест ва аз ин афсонаи ёфтаю бофтааш муассир гашта, як фикри амиқро парма карда ба сар рехт ва бо ангушт чакка соидан гирифт, ки берун аз одат буд; ў одатан манаҳ месоид, ин дафъа чакка молид.
Маълум, ки аз бозёфташ хуррам аст, аммо надонад, ки аз он саҳна сохта тавонад ё на. Агар тавонад, роҳу равиши онро бояд ёбад ва ҳатман донад, ки нақшҳоро киҳо бояд бозӣ кунанд... Албатта барои худ ва барои Хуршед бояд бинависад. Ў бисёр хаёл кард ва ба хулосае омад, ки аз Ленин бузургтар касро таърих надидааст ва барои нишон додани симои чунин соҳибқирон умри одамӣ бақо накунад, яъне ҳозир зўраш нарасад; чун афкору идрокаш комил шуд, умр бақо накунад. Акнун дарк кард, ки барои чӣ ин қадар нависандаю санъатварони бузург барои офаридани образи ин худованди замину замон камар бастаанд. Ва актёри бузурги театри тоҷик беҳуда барои офаридани образи доҳӣ умр сарф накарда будааст; ҳадду ҳисоб доштани ҳар корро бори дигар аниқ ва тасдиқ кард.
— Шумо ноништа намекуиед? – аз хона баромада пурсид Саида ва ҳайбату ҳайрати шавҳарро дида каме бозистод ва туфи гулў фурў мебурдагӣ барин афзуд: –Нотоб ҳастед?
— Тани гарм бедард не, – фикр накарда ҷавоб дод Ромиз ва ба завҷа бодиққат нигарист, то чӣ гўяд.
— Бале ба ҷонатон.
— Барои чӣ «бале» ба ҷони ман?
— Баъди ин қадар фикр боз саратон...
— Ҳмм... Мақсади ман ҳамин, Саида: хоҳам, ки мағзи сарам таркад ва духтурҳо санҷида муайян созанд, ки онро чӣ бало задаст...

пешина
аз 428
навбатӣ