Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худи ҳамин олам-олам гап, акаи Ғиёс.
Вале мо... на саргузашт дорем ва на чизи гуфтанӣ. Дағдағаамон зиёд; обмўрӣ аз боғ калон: чизе хоҳем, коре карданӣ ҳастем, вале натавонем... Ё зўрамон нарасад ва ё кўдак барин гиреҳи корро ёфта натавонем...»
...Насими пагоҳӣ ҳам ба Ромиз мададе накард. Ў аз ҳаво сер нашуд. Баръакс алағда гашта манаҳ молида-молида баргашт. «Ба ту чӣ? Мўи сарат сафед шудааст, бас не, ки боз ин қадар фикр мекунӣ? Девона, кӣ миннатдор шавад, ки Ромиз аз ҳад зиёд фикру
– хаёл дорад? Чунин фикру хаёл ба кӣ ҳам лозим? Гумон мекунӣ, ки вазир омада аз банди дастат дошта ба театр бармегардонад?
Директор омада мегўяд, ки ту барин актёр ба театри мо лозим?
Кӣ ғами туро хўрад, кӣ? Ҳар кас ғами худро бояд бихўрад... Ҳар касонро донем, ки ҳар ҷўраҳоро медонем, ки... ҳоҳо... беякдигар хўрок аз гулўяшон намегузашт ва вақте ки мансабдору амалдор шуданд, ҳоҳо... Девонагӣ накун, Ромиз, аз паи кори хеш шав.
Суханони акаи Ғиёс як китоб гап... Одам ҳар қадар доно шавад, ҳамон қадар маккор ҳам мешудааст... Аммо ман ин илмро – илми маккориро, илми фиребу найрангро аз бар карда натавонистам.
Ин илм ба доноӣ вобаста набудагист, балки илми махсус аст? Дар дар хуни одам ҷой шавад? Балки барои он хондан лозим нест?..
Шояд... Ҳар чӣ бошаду набошад, ман ин чизро ёд нагирифтам, Тамаллуқу тавозўъро ҳам аз бар карда натавонистам... Боз айби муаллимам, ки муборизаро омўхт: муборизаи саҳна ва муборизаи асарро. Мондааст, ки танҳо бо худ мубориза бикунӣ... Ҳа-а!
Фақат бо худ, бо дили худ: муборизаи дохилӣ, ки мисли тарбузи лалмӣ даруни худ бихўрӣ ва ё лахт-лахт хун бандонда нобуд бикунӣ... Девона ту, Ромиз, девона! Гапҳое занӣ, ки гўё Тоҷикистон бе ту обод намешуда бошад. Бе ту обод шуд, боз шавад. Худро ҷустан маънии онро надорад, ки аз худ равӣ ва худро дарёфтан маънии онро надорад, ки ба ҳар чиз бо назари таҳқир нигарӣ ё таъна; мушкил, ба худ расидан мушкил, ба дигарон расидан мушкилтар: олими китоби фалсафаро «обкардахўрда» – маро дар ин ҷо қадр накарданд, гуфта, қаҳр карда Боку рафт. Шоир Фалакӣ Самарқандӣ шуд, ки аз ҳамон ҷо ҳам истода шоириамро мекунам, хайр, кардан гир... Магар оби як чашма хушк шавад, рўду дарёҳо низ хушк гардад? Не, албатта. Ана ҳамин хел аз будану набудани ту низ чизе тағйир наёбад. Хайр, аз театр рафтӣ, маъние надорад. Рафтан гир! Театр дар ҷояш, Артуру Отеллою Рўдакию Дониш ҳама зиндаанд, ягон қаҳрамон намурдааст, ягон гўшаи театр футур нарафтааст. Кадом вақте ки хоҳанд, саҳнаро давр занондан гиранд... Лекин ту худро ба девонагӣ назан. Ту Ромиз ҳастӣ... Ромиз!..»

пешина
аз 428
навбатӣ