Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нафаҳмидам... Гумонам, сабаби ин қадар ташвишу сарсониҳоятон ман ҳастам.
— Ин хел нагў, Саида... Ман аз рафтори худ шарм дорам...
Соҳибаи хона, ки ғур-ғуркунон ҷониби кулбаи онҳо меомад, сўҳбатро халалгор шуд:
— Чӣ ин қадар шаб боз моҷаро доред?
— Моҷаро не, Хола-мулло, ҳамту дар бораи пастию баландии рўзгор сўҳбат дорем.
— Зўри беҳуда... Пастию баландии рўзгорро касе баробар накардааст, ки шумо кунед, – гуфт ў ва инони гапро ба дигар тараф кашид: – Не, агар кулба маъқул набошад...
— Ин хел нагўед, Хола-мулло, – хиҷолат кашида гуфт Саида ва Хола-мулло дуздида ба ў чашмакӣ зад.
Хола-мулло пурраи сафедрўй, ба ғайри одами хуб будан боз дар рўй як нур ҳам дорад; ба қавли занҳои гирду атроф «имон».
Вале бо чунин рафтораш Ромизро ҳайрон кард, ки чаро омадаомада дар ҳамин вақт «кулба маъқул набошад...» мегўяд. Ин қадар таърифу ситоишҳои Саида чӣ шуду... Ромиз он қадар эътибор надод, ки Хола-мулло чун омаду чӣ хел рафт. Андешаманд истода буд, ки завҷа пурсид:
— Дарди саратон монд?
— Тараққӣ дорад...
— Як пиёла чойи талх хўред, дардаш мемонад.
— Ҳм... Ин хел чизҳо дарди сари маро рафъ карда натавонад...

6

Шояд ту зане бошӣ, ки барои шў ҷон фидо карда тавонӣ, зеро на ҳар зан ин корро кунад, на ҳар зан ин чизро дарк намояд; чунон ки на ҳар мард занро ҳаёт бахшад. Одат нашуда, фаҳму фаросот нарасад. Гўё худованд мардро барои ҳукмронӣ офарида ва занро барои итоаткорӣ. Пиндоранд зиндагӣ амонат; якдигарро гум кунанд. Зеро гум кардан ҳасту пайдо кардан нест. Ин чиз сахт азият диҳад мардумро. Ромиз муаллима Амбарро ёд орад: шў ба ҷанг рафт. Амбар писар зоид. Шў барнагашт. Писарро ба воя расонд муаллима. Хонадор кард... То ҳол нигарон, ки шў баргардад...
«Қаҳрамонӣ...»
«Барои ҳамин ту риш намебарорӣ-дия!» – садо омад аз паҳлў..
Ромиз паҳлў гашта як чеҳраи ошно, хандон ва бебокеро дида «Хайрият-э» гуфт ва манаҳсоиро бас кард.
— Ин қадар сарат хам, чун гунаҳгорон мегардӣ? – пеш омада ва даст дароз карда гуфт Хуршед.
— Сарам дард мекунад, ошно.

пешина
аз 428
навбатӣ