Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Пасон ба хотири илм аз ҳароммағзи Лоиқ пуччидаанд... Дигар Лоиқ ба худ наомад.
Аз маслиҳату машварат мойи аз илми тиб ноогоҳ ҳамин қадар дарёфтем ва даву ғеҷи духтурон зиёдтар шуд: Пўлотов мурдаро монда тутхўрӣ ба Хуҷанд рафт, дигаре низ аз пайи ў ва кор ба мутахассиси СНГ Нигина бор шуд, инчунин ба шогирди Пўлотов Раъно. Онҳоро рўйи даст оварда, рўйи даст мебурданд, ки наҷотбахши Лоиқ танҳо эшон бошанд. Мо аз беруни дар истода эҳсос мекардем ё пиндорамон буд, таваккул ба худо шудааст ва ҳама навъи доруро чун таҷриба ба вуҷуди Лоиқ мегузаронанд.
Ман дилгир шудам аз ин кор. Зеро чунин ҳолатро дар тани падари Афзалшо Султонмурод таҷриба карда буданд; зеро чунин доруйи беандозаву беҳисобро дар вуҷуди тифлакон писари Афзалшо Шодон ва духтарчайи Беҳрўз Меҳрубон озмуда буданд. Ба ҷуз сари хаму забони газида ва умед ба Худованд илоҷи дигаре надоштам. Вале ҳар бори даромада Лоиқро дида баромадан аз номи бемор ба мардум хабари нек мерасонидам ва рўҳи онҳоро мебардоштам: «Устод сигарет талаб карданд; пиво хостанд; соат пурсиданд...» Ва чунон пазируфтам, ки зери мафҳуми соат маро мехоҳад бинад. Зеро он соатро Комрон аз Лондон оварда буд ва ман дар зодрўзашон ҳадя кардам. Ва ҳар гоҳ мегуфтанд, ки чизи аҷиб тўҳфа кардӣ, сари мў пешу пас намешавад. Шояд маро гум кардааст, ки суроғ мекунад. Ман медароям, ваҷоҳаташро мебинам.
Дастонашро медорам. Мебўсам. Ба пешониаш даст мегузорам ва мегиряму мегирям, ки ашки пизишкёрон мебарояд. Муқбилро раҳм меояд ба гиряҳойи ман ва хоҳиш мекунад, ки бароям. На, ман набояд бароям. Ҳар нафаси ўро бояд мушоҳида кунам, таҳрики ўро бояд бинам, хоҳиши ўро бояд шунавам. Чун намегузоранд ё касеро ақл намерасад, ки ба навор гиранд, то ақаллан баъди сиҳат шудан ба худаш намоянд, ман бояд ҳама чизро бинам ва фардо ба ў гўям. Об, мурғшўрбо ва шарбати шаҳтут мегузаронанд бо нойча аз роҳи бинӣ. Ва аз нойча моеъи сурх ба ташт мерезад хунранг ва хуни дили ман аз ҳаракат мемонад. Фарёд зада наметавонам, ки хуни ў рехт. На, шарбати шаҳтут баргашта мерезад.
Намепазирад ҷисми ў.
Шабҳоро дўстон сари по мегузаронанд. Футболи ҷаҳонӣ меравад дар телевизион. Ҳарчанд ҳама ҳаводори ашаддианд, касе аз ин мавзўъ сухан намекунад ва тамошояш намеравад. Дар долон, хонайи ҷудошуда, ҳуҷрайи сарпизишк, харакҳойи саҳни бемористон шабро рўз мекунем ва ба маслиҳат як- ду нафарро рухсат медиҳем, ки рафта, дам гиранд. Як воҳима фаро гирифта моро, ки Офтоб сўхта, оламро зулмот мепўшида бошад. Зеро Лоиқ умеду армони мо, офтоби мост. Дар ақсойи Олам аз номи халқи тоҷик сухан мекунад. Дигар нафаре нест, ки ҷойнишин гардад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор