Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агарчӣ ҳамаро ба дидори бемор расидан намегузоранд, як-як ба «меҳмонхона» даромада як пиёла чой гирифта аҳли байти устодро рўҳбардорӣ мекунанд.
Гурўҳ-гурўҳ, тўда-тўда, фавҷ-фавҷ сўҳбат мекунанд ва ҳама як чиз мехоҳанд: «Чун ба ин ҳол афтода устод?» Вале касе чизе яқин карда наметавонад. Ва ба мо низ он чиро гуфтанд, ки ба дигарон:
«Дар Замчрўд будааст бо дўстон. Чун коре доштаст ба шаҳр танҳо баргаштааст. Бо касе мулоқот доштааст. Сари фармони мошин будааст. Дар ҷое сахт сараш дард карда, фишори хунаш баланд шудааст. Хун ба сар зада, ўро аз пой афтондааст. Касе аз ёрийи таъҷилӣ мадад ҷустааст. Онҳо дер омадаанд ва устодро нашинохта беэътинойӣ кардаанд, тону нотон; дониставу надониста, сўзандору карда, ба бемористони Қарияйи Боло оварда, хунукназарӣ карда, дар долон гузошта, рафтанӣ шудаанд, ки як духтури панҷакатӣ Норӣ дар нуқтайи пазиро навбатдор будааст, тасодуфан бурун омада, чашмаш ба бозуйи тирхўрдайи шинос афтода, наздик шуда, устодро шинохта, мошини ёрийи таъҷилиро бо фарёд боздошта, устодро аз нав ба он мошин бор карда, ба кохи амрози дилу асаб овардааст... Ва ҳолиё...»
Худовандо! Наҷоташ бидеҳ, ки мо ба хотири Туву ў ваҳдат мекунем. Ҷое ки ўст, ёрон гирд меоянд, сўҳбат мекунанд, базм меороянд; пурсу посух мешавад, ниҳон аён мегардад, хом мепазад, сиёҳӣ аз байн меравад, ғаш барҳам мехўрад; бадӣ ба некӣ табдил меёбад. Ҳеҷ фардеро надидаам, ки ин қадар ҷозиба дошта бошад, то аз баройи ў нишасту базму давра ороянд, гаштаку навбат созанд; муштоқи шеъри ў бошанд, ташнайи сухани ў гарданд, ҳаваси дидораш кунанд. Ҳарчанд ўро хубтар ва бештар аз ҳама медонам, тани ману ҷони ў, мегўям, гоҳе ҳайрон мемонам, ки чӣ дорад Лоиқ? Мешавад, ки як нафари дигарро моҳҳову солҳо як кас намепурсад, аммо Лоиқро ба навбат хидмат мегузоранд; пазмон шуда, меоянд, ташна монда, меҷўянд; шоҳу гадо суроғаш мекунанд... Худоё! Наҷоташ бидеҳ!
Касонеро, ки раҳораҳ тахмин мекардам, ки бояд ба аёдати Лоиқ биёянд, тақрибан ҳама омаданд. Имрўз райиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев омад. Аз хешу табори Лоиқ пурсон шуд, пасон ба ҳуҷрайи сарпизишк маҷлис орост: як бори дигар шарҳи ҳол пурсид, ки чун ба чунин ҳол расида Лоиқ. Ҳикоят боз он ранг шуд, ки дар боло зикр кардам. Вале касе намедонист, ки асбоби аз сесад гузаштани фишори ў чист. Ҳар кор шуда бошад ҳам, мо бояд устодро эҳтиёт кунем, хоҳиши райис чунин буд...
Ва баъд вазири ҳифзи сиҳат Аъламхон Аҳмадов ба аёдат омад ва миш-миш шуд, ки консилиум (машварати духтурони мутахассис) мешавад ва бояд аз ягон мамлакати дигар ҳакими донотаре даъват кунанд. Кор то ҷое расидааст: он ҷо, ки Абдумаҷид Пўлотов бошад, ҳоҷат ба даъвати дигаре нест.

пешина
аз 428
навбатӣ