Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.»

Дасте ба китфам расид. Даст аз рўй бардошта сарпизишк Соҳибро дидам. Ва чашмонам суолӣ ба рўйи ў дўхта шуданд.
Пай бурд маънийи нигоҳи маро ва фармуд:
— Натарсед, сўзандору кардем, то бедор нашаванд, ҳаракатҳойи ноҷо оқибати нохуб дорад.
Чунин суханон аз як гўшам медаромаду аз гўши дигарам мебаромад. Ҳушу хаёлам банд ба дигар чиз буд; ба Лоиқ, ба оқибати беморийи ў, ба фарҷоми кор. «Наход? Лоиқ зиндагиро дўст медошт-ку? Шикоят намекард-ку? «Зиндагийи хуб гузаронидем»
мегуфт-ку? Чӣ шуд ба ў? Чӣ шуд, ки якбора ин олами зеборо дидан намехоҳад? Чашмаш пўшида; на касеро дидан мехоҳад, на ба касе чизе мегўяд, на ҳарферо гўш мекунад, на чизе мехоҳад. Дилаш он қадар гирифта, ки нафасаш низ озод нест.
— Соҳибҷон, ягон кас медонад, ки...
— Не. Касе намедонад, ҷуз худашону худо.
Худовандо! Агар Соҳиб надонад, пас касе намедонад. Бо он зўре, ки Лоиқ дошт, ба чунин ҳол омадан... На, Лоиқ касе нест, ки номардӣ бо худ кунад, ягон восита истифода барад ё ҳалоҳил хўрад. Магар касе кўмак ба ин карда бошад.
Пиндору хаёли ман ба куҷоҳо меравад. Ба мардиву номардиҳо, ба рўзгор, ба муҳит, ба Офоқи пур аз фитнаву шарр, ба дўсту нодўст... «Падарам равзайи ризвон ба ду гандум бифурўхт, Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрўшам». Падари ноогоҳамон Одам ин корро кард. Пас ҷойи тааҷҷуб нест. Вале ман бовар намекунам; бовар намекунам, ки Лоиқро касе заҳроба хўронад.
Магар шароб...
Чунин андешаҳо ҳама ботиланд, зеро Лоиқ андар вуҷудаш позаҳр ҷой карда буд, то заҳри мору каждуму ҳалоҳил кора накунадаш. Магар заҳри теғ, тир, захми забон... Шукри Худо ориву барӣ аз чунин осебҳо. Ман ҳеҷ чиз дарёфту пайдо накардам. Дигарон низ. Бадар меравем, то халалгор набошем ба кори табибону хоби устод. Дами дар акнун мебинам таборро, пайвандонро, бародаронро: гўйӣ навбатдоранд ба хидмат – Фарҳоду Шакарбеку Шарифбек, Мастону Комрону Садриддину Мирзобек, ки баробари фармудани доктор аз пайи доруву даво шаванд. Ҳолиё Ромишу Сомон аз пайи дору рафтаанд. Хоҳарам Зебинисову Сабову Мумтоз дар хонае, ки махсуси меҳмонҳост, хидмат мекунанд. Ман ба онҳо «Ба хайр» мегўям ва кўшиш дорам, ки дилбардорӣ кунам.
Долону роҳравҳо пур-пури дўстон ва андар сояйи чанорҳойи саҳни бемористон он қадар лоиқшиносҳо, ки касро воҳима мегирад. Қариб ҳар кадом сигарет дуд мекунанд; ҳатто онҳое ки ба дуд кардан рағбат надоранд.

пешина
аз 428
навбатӣ