Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Миёни ангуштонаш сигарет дуд мекунад. Ман медонам муносибату меҳри ўро ба Лоиқ.
Касал на Лоиқ, балки ўст.
Дар тоқи долон байти Сиёвуши Касройӣ: ман онро зиёд дидааму зиёд хондаам. Аз ёд шудааст, вале ҳоло намехоҳам нигарам сўйи он.
«Ҳар шаб ситорае ба замин мекананду боз
Ин осмони ғамзада ғарқи ситораҳост.»
Чунин байтҳоро Лоиқ фаровон пайдо карда, ба ин кохи амрози қалб бахшидааст, то дар пештоқу тори дарҳо ва пештоқҳо навишта кунанд. Шеъри ў «Оли Сомон» ҳам рўйи матоъу чаҳорчўба низ нигошта шудааст...
Аммо ҳолиё фикри ман на аз чунинон, балки мехоҳам ўро зудтар бинам.
Хилъати сафед андохтанд бар дўши мо ва ман равон шудам аз паси Қоришариф. Баробари аз дар ворид шуда, Лоиқи хуфтайи беёдро диданам фиғони бесадоям ҷигарамро пора кард ва лабонам пир-пир париданд. Чаҳор дасту пойи Лоиқ баста буданд ба канорҳойи кат, дар биниаш нойча ва дар баъзе рагҳойи хунгардаш сўзан халонда, аз болояш ширеш часпонда буданд. Бемор дасту пой меҷунбонд, вале чашм кушода, касеро дида наметавонист. Садо дошт; садойи паст, ки афсурдаву бемадоргаштайи наъраҳойи хобиаш бошад. Ман чизе гуфта наметавонистам ва дасткўтоҳу нотавон низ будам. Зеро чунин ҳолатҳоро дар ҳамин толори «наҷот» зиёд дидаам. Дасту пойи ўро бастаанд, то наҷунбад ва осебе набинад. Аммо сар гарону сангин метобад ва бори вазнинро бардошта наметавонад; ҳамон саре, ки бори Рўдакирову Фирдавсирову Хайёму Мавлавийу Ҳофизро мебардошт. Чашмон пўшида, лабон карахш баста, хаёле, ранг сияҳгун ва мўйи сари сина дамида ва осори патрони кадом гурезайи солҳойи Ҷанги Бузурги Ватанӣ андар бозуйи чап боқист. Касеро, чизеро пай намебарад. Ў чунин одат надошт. Агар дар сўҳбате сахт маст шуда, хуфта буд, баъди ҳушёр шудан он сўҳбатро якояк бозгў мекард. Ҳолиё шояд чунин бошад; ҳар чӣ мо мегўем, шояд шунаваду дар хотир гирад, баъди сар аз болин бардоштан кошкӣ ҳамаро гўяд.
Ман фақат тавонистам ўро бибўсам; аз пешониаш бўсидам.
Ў дарку эҳсос накард. Ҳамчунон хуфта буд. Ў «Хаёлам, замин аз зери поям мегурезад» гуфта буд, вале дар хаёли ман замин маро мекашад. Даст ба рўй мебарам. Касеро намебинам, ки онҳо дар чӣ ҳоланд, аммо китфонам бозӣ мекунанд ва гулўямро ҳикак мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор