Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

...Дасту пойи Лоиқ озод. Ҳалқайи банди соат дар дасти харобгаштааш кушод ва ҳамойил аст. Бемор бе мадади касе паҳлў мегардад – ба китфи росту чап ва садоҳо мебарорад. Вале касе намефаҳмад, ки ў чӣ мегўяду чӣ мехоҳад. Ба ҳар ҳол аз рўйи тахминҳо рафтор мекунанд ва мурғобайи Шарифбек ё Фарҳод оварда ва шарбати шаҳтутро ба навбат воситайи нойча аз бинӣ мерезанд.
Лоиқ, ки тамоми умр озод будан мехост: «Агар дар ҷои дастам пар барояд, равам дар кўҳсорон лона созам.» Ҳолиё дасту пойи озод дошт ва аз «чормех» раҳо карда буданд. Даст ба сар мебурд, ба сари сина меовард ва рўйи шикам лағзида, гўё ҳама узвҳоро ламсу тафтиш мекард, ки барҷост ё на. Нафаси дароз мебарорад.
Танҳо худаш медонад, ки чӣ маънӣ дорад ин нафас ва ба чӣ хотир ин қадар хаста ва ҳасратолуд аст? Наход ки Лоиқ аз зиндагийи барояш ин қадар гуворо ва ширин сер шуда бошад? Наход яксар аз дўстон рў тофтаву безор гашта бошад, ки чашм кушода ба онҳо нигоҳ намекунад? Наход!? Наход дигар чизи гуфтанӣ намонда?
ҳамаро сурўда, фаро расидани аҷалро ёдрас карда, гулпошийи рўйи тобут, лавҳи сари гўр, гиряйи дўстон, ба тамошо омадани душманон, нутқҳойи дурўдароз ва ҳама ҳасби ҳолу зиндагиву мурдагиро гуфта... Худоё! Ин чӣ рўзу ин чӣ гуфтор!?
На! Ў хаста шудааст аз бедорхобиҳо, аз хобпариҳо, ҷаста хестанҳо; аз андешайи зиёд, ғами миллату халқ, аз даъвати зиёд ба бедорӣ, ҳушёрӣ; аз хавфи заминларза; хавфи нобуд шудани забону миллату мардум... хаста шудааст. Дам мегирад ва аз хоби хирсонаву тўлонӣ бедор гашта, аз нав сар мекунад ҳамаро. Зеро «анҷоми ў оғози ўст». Ин халқи хоболудро аз хоби гарон бедор карда натавонист; ё зўраш нарасид ва ё ёр наёфт. Гаронӣ кард ба ўву ба Иқбол, худро ба хоб зад, то мадори тоза гирад ва аз нав оғозад. Аз нав оғозад бо онҳое ки баъд меоянд: то аз хоби гарон бедор шудани Лоиқ онҳо ба воя мерасанд, мепазанд, ўро ёр мегарданд, онҳо мисли мо хоми хом нахоҳанд буд, ақаллан хоми пухта ва ё пухтайи хом хоҳанд буд. «З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, шери худову Рустами Дастонам орзуст.» «Душманонам заифу номарданд, душмани мард орзу дорам!» Ҳамнишин, ҳамлуқма, ҳамсоғар зиёд дорад Лоиқ, аммо ҳамдилу ҳамсухан ва ҳамвазну ҳамсанг надорад. Ў танҳост дар ин зиндагӣ бо ақидаву ангораҳойи хеш. Аз ин рў сар печида, ки дер омада дар зиндагӣ ва ё ҳоло гоҳи омадани ў набуд... аз ин рў сар печидаву чашм пўшида, ки пасовандони бамулоҳиза даррасанд, то ў ва ғафлатзадагонро бедор кунанд...
Ба китфи рост мегардад, як рўйи зиндагиро мебинад; ба дасти чап мегардад, тира аст рўйи дигари он ва чизе дида намешавад. Ва хоб меравад, ки ҳоло шаб аст, мурғи илҳом дар паси кўҳи Албурз, касе ба дом афтонда онро ва то ба Лоиқ намерасад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор