Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Гирям аз он, ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам».
Ҳама гўшу ҳуш будем, вале касе дар фароварди сурўд каф накўфт. Балки хомўш ва ба андеша рафта буданд. Садойи Лоиқ моро ба худ овард:
«Як рўз ман зи базми шумо дур мешавам,
Дар ёдмону хобҳо манзур мешавам.
Гар фахру нози ман ба шумо қимате надошт,
Ман фахру нози хилвати як гўр мешавам.»
Шигифтзада мондем, ки чаро Лоиқи дар ғами миллату халқу ватан хунинҷигар чунин яксар гуфт. Рўшан шуд, ки ў андешайи дар сар доштаро ногаҳон гуфт.
... Ва мошин роҳро убур карда бо канори наҳри Ҳисор назди дарвозайи хонаамон омад, ки бо бемористони амрози дилу асаб девордармиён буд ва Лоиқ бояд он ҷо хоб бошад. Баробари боз шудани дарҳойи мошин дарвозаро низ кушуданд ва ман сўйи модари баччаҳо нигаристам, вале дар қиёфайи ў аломати нохуширо дарнаёфтам.
— Амакаш чӣ хел?
— Як хел; ҳоло ба ҳуш наомадаанд.
Мошинро даруни дарвоза оварда, зуд сўйи бемористон шудем.
Пойҳойи қолабгирифта ва карахти ман бо душворӣ пеш мерафтанд. Рахнаро гузашта, касони зиёдеро дар саҳни бемористон дидам; ҳама чеҳраҳойи шиносро дидам, ки симойи бисёрийи онҳоро раҳораҳ пеши назар меовардам ва ё дар бораашон чизе мегуфтем.
Ман овоз бароварда бо онҳо пурсупос намекардам, балки ҳамааш бо имову ишорайи сар ва ҳаракоти даст мешуд. Гулўям гирифта, нафасам танг, гўшайи чашм меандохтам ба Қоришарифу Ҷамшед, ки аз дами дарун гашта буданд сияҳгун.
Пой ба остона ниҳода ёдам омад, ки Лоиқ зиёд хобида дар ин шифохона. Ҳамин баҳор хуфта буд ва ман ҳар саҳар атола меовардам. Салоҳиддин – писараммайи Зебинисо аз шўъбайи дигар меомаданд ва ҳар се сўҳбат мекардем. Ёд аз гузаштаҳо меовардем ва бегоҳон қадамзанӣ мебаромадем. Гоҳ-гоҳ чашмам ба авроқ ё пораҳойи коғаз меафтид, ки Лоиқ дарду ҳасрату армонашро ангора мекард:
«Баъди ин зиндагийи гўрмисол
Соҳиби гўри замин хоҳам шуд,
Дили захмӣ бибарам бар дили хок
Захми носури замин хоҳам шуд.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор