Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ҳасратзада ба ў менигарам. Лабонаш пўшида, ба назар табассум доранд; бадиққат нигарӣ, пай мебарӣ, аммо чашмонаш мутафаккирона ва ғамбор; жарф менигарад, дур менигарад – дуртар аз ин зиндагӣ. Гўё наздикро намебинад ва бинад ҳам, аҳамият намедиҳад ва ё зиёд дида, чизе набардошта, дилбазан гардидааст рўзгори якрангу пурнайранги каскуш.

«Дилам сих мезанад шабҳо, худоё,
Магар ҷон меканад шабҳо, худоё?»

Ман мехоҳам нигоҳашро бо нигоҳам дорам, аммо ў нигоҳашро мегурезонад. Ман ранҷ мебарам, аммо пайбурдаро пурсида наметавонам. Салоҳиддин, ки дардаш вазнинтар аз дарди Лоиқ менамояд, сухан аз ҳар куҷо мегўяд. Баъзан Лоиқ дилгир шуда сигоркашӣ мебарояд ва ман коғазҳоро дар равшанийи назди тиреза дошта, мехонам ва ё айнаки ўро ба чашм мегузорам:

«Дили бемори худро бурдаам пеши пизишки дил,
Ҷароҳатҳош мебинад, намебинад сиришки дил.»

Сарпизишк Соҳибназар медарояд хандон аз паси Лоиқ ва бемор табибро ишора карда мегўяд:
— Медонед, Соҳибҷон кори дили маро ба навор гирифтааст.
Бало, бало!
Вале ман ҷуз салом ба онҳо чизе гуфта наметавонам. Лоиқ рўҳафтода. Коҳинеро монад, ки пешгўйӣ дорад. Гумонам сахт озор медиҳад дилаш, дилобхўре надорад, то гўяд. Аммо ман онро дарёфтам:

«Мурдани ростин, куҷойӣ ту?
Ҳар дам аз дард мурданам кофист.»

Ба Лоиқ менигараму ба Соҳиб. Ҳар кадом ба андешайи хеш шодмон менамоянд. Вале мани гўл надониста, ки бародарам ин қадар дард дорад:

«Дар дили ман чӣ навоҳост, худо донаду ман,
Бар сари ман чӣ балоҳост, худо донаду ман.»

Касе бовар намекунад, ки Лоиқи хандону давраоро, қавию бузургустухон дардманду нотавон аст. Медонистам, ки дар ҷайб дору дорад ва паси сарам дард мекунад, фишори хунам баланд, гуфта, дору мехўрад, чой аз мухаллас мекунад, ширинбуя истифода мебарад, аммо...

пешина
аз 428
навбатӣ