Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиш! Сомон куҷост? Сомонро гўй пеши ман биёд!
Он қадар гуфтанду сурўданду рақсиданд, ки роҳгузарҳо сари панҷараҳо таваққуф карда менигаристанд ба мо.
Лоиқ: Хон, Афзалшо! Машқ бикун! Омода шав ба ҷашни бузург! – ҳама умр нимҷиддиву нимшўхӣ мегўяд Лоиқ ва ҷавобу савоби онро ҷудо кардан ба фаросоти ҳар кас вобаста.
Афзалшо нохун мекунад ва дар ин базми мардона раққосае нест, ки бирақсад. Пиру барно ҳама ба рақс меоянд ниммасту нимҳушёр ва Лоиқ паршикаста мерақсад майл ба паҳлуйи рост андохта ва зонуву оринҷ қат карда. «Каҷак-э!» садо медиҳад Афзалшоҳи мавридшинос каҷак-каҷак рақсидани устодашро дида. Ошпази тарабхона Субҳони Ғафсулаъзам ҳам хилъати сафед ба бар, арақшор тан ҷунбонда, туфайли ангушт абрў мепарронад. Ман тамошогар. Умед ин ҳамаро дар навори видео мебардорад, ман андар ойинайи чашму мағзи сар ҷой медиҳам. Хидмати писарони Лоиқ Ромишу Сомонро мебинам, завқи Ҷовидону Шервонро мушоҳида мекунам, ки чӣ гуна китф меҷунбонанд. Менигарам ба кўлу атроф, ки дар ин мавзеъ аз замони Шўравӣ кўл мондаву «чархи фалак», ки шояд аз нарасидани қуввайи барқ сангпуштона ҷунбад. Офтобхўрони соҳили истахр ҳам чандон зиёд нестанд.
Талабу хоҳиш шуд, ки устод шеър бихонад. Лоиқ ин хоҳишро ба Афзалшо ҳавола кард:

«Ҷон ба қурбони ту, эй, меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтулшарафам, гаштайӣ байтулҳазанам...»

Мо гўш медодему ба андеша мерафтем, ки наход чунин байтҳоро ҳамин классики зиндайи рў ба рўйи мо фақиру хоксор нишаста гуфта бошад. Ва ҳар байте, Афзалшо мехонад, моро такон медиҳад, ки сўйи устод нигарем.

«Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ нерў сафи аъдо шиканам?
... Эй Хуросон, ту бигў, соҳати Эронвиҷ ку?
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба яздон набарам?
...Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сўхт,
Ҳам на з-он аст, ки шуд сўхта боғу чаманам,
Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам,
Гирям аз он, ки туро ҳукм ба куштан карданд,
Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам!
...Гирям аз он, ки ду-се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.

пешина
аз 428
навбатӣ