Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Аз ин рў, як қадаҳ баройи ҳамайи шумо! Ҳамаатонро номбар карда натавонистам, узр. Соҳибҷон!
Ин кас даруну беруни дили маро медонад. Ромиш! Миллиардҳо ба ту даркор, ки сурати дили маро аз дасти амакат гирӣ!
Афзалшо: Садояшро!
Лоиқ: Садояшро, лекин... хулосайи сухани ман ҳамин ки ман бе шумо ҳеҷ кас нестам. Шумо маро ба ҳамин рўз расондед. Он тарафашро ҳам давом диҳед. Агар ҳунаратон бошад...
Садоҳо: Насиб!!!
Афзалшо: Устод Сорбон як асар доранд... Аки Шариф! Номи китоб «Санги Сипар.» Тадқиқотчиҳо тадқиқу таҳқиқ мекунанд, ки чаро номи ин китоб «Санги Сипар»? Баъд меёбанд, ки вақтҳойи мастиву ҳушёрӣ устод Сорбон ба устод Лоиқ сипар будаанд. (Хандайи баланди Лоиқ.) Ҳама умр инҳо сипари якдигар буданд ва бошанд. Агар имрўз амакам сухан нагўянд, бистуми май...
Лоиқ: Маънӣ надорад.
Сорбон: Баъди сухани хотимавийи соҳибҷашн сухан гуфтан зеб надорад.
Лоиқ: Баройи Сорбон зеб дорад!
Шарифзода: Лаълича нест?
Сорбон: Не! Лаълича дар шастсолагӣ. Дар борайи устод Лоиқ сухан гуфтан баройи ман гарон аст. Зеро зиёд медонам ўро. Аз чаҳордаҳсолагӣ як ҷо. Ҳар ду ҷома пўшида калон шудем; як ҷо хондем, як ҷо дарс тайёр кардем; ҳамроҳ мегаштем ва то ҳозир, шукри худо, як ҷо. Бойиси ифтихор аст санги ман сипар шуда тавониста бошад; ҳам баройи Лоиқ, ҳам баройи адабиёт. Агар ман баройи устод ягон зарра, як пушти нохун сипар шуда бошам ва агар сипар шуда тавонам, ифтихори бузург аст бароям. Ман ҷондори устод будам, ҷондори беминнат, ҳоло низ ҷондорашон ҳастам. Ва иншооллоҳ, то ҳастам, дар ин хидмат хоҳам буд. Ва устод низ дар мавридҳое, дар ҳозиру ғойибам ҷондори ман будаанд. Мо танҳо ҷондори якдигар нестем. Мо ҷондори ойилавӣ, рўзгори якдигар, ҳамчун бародар. Ба қавли устод: бародарони ҷамолакӣ, бародарони қиёматӣ. Завҷайи ин кас хоҳари ман, завҷайи ман хоҳари ин кас. Ҳамин тавр мо ба ҳам маҳлул шуда рафтаем.
1 Маҳлули хуниву ҷонӣ.
Лоиқ: Хунӣ.
Сорбон: Ман ба шасту як меравам, шумо ба шаст. Иншооллоҳ, Холмурод Шарифзодаро аз ду бозуяшон дошта, то сад мебарем...
Шарифзода: Он тарафашро баъд маслиҳат мекунем.
- Анўшаву Мино наберагони шарикийи мо ҳастанд Лоиқ: Ҳақ доранд, набаранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор