Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Фақат хизмат кард баройи нависандагӣ. Баройи асолати насри тоҷикӣ ва агар шўхӣ ҳам шавад, паҳлўйи ман буд ҳамеша, ман ҳам паҳлўйи ў будам. Такрор шуд...»
Ман ҳамроҳи писаронам Комрону Ҷовидон ғел мезадем рўйи сабза. Лоиқ бараҳнапо омад. Мо бархостанӣ шудем, нагузошт ва худро пасрў назди мо андохт ва дер сар аз сабза набардошт. Чун паҳлў ғел гашт, пушти сараш ба банди дили ман омад. Ҳамон зайл истироҳат кард. Наворбардор ҳама ҳаракатҳойи ўро сурат мегирифт.
— Ако, рост ба бемористон меравем ё ба хонааш? – ба гардишгоҳи роҳи хонайи Лоиқ наздик шуда пурсидам.
— Беморхона равем, хубтар будагист.
Наздики наздик монд. Мо дар паҳлўйи муҷассамайи Ибни Сино чаҳорчархаро боздошта, мошинҳойи беохири роҳи бузургро мегузаронем. Ҳамин қадар роҳи тўлониро тай карданамон як рўву ин мошинҳойи зиёдро роҳ доданамон як сў. Ман дандон месоям.
Ва чизе дар гулўям бозӣ мекунад мисли ҷон. Илоҷ надорам, ки мошинро он ҷо монда роҳи наздики Қарияйи Болоро пиёда убур кунам, то зудтар ба ў расам.
Ҳамин роҳ ба чап мегардад ва ба кўли «Ҷавонӣ» мебарад. Моҳе қабл дар охирин рўзи Гов (Савр) панҷоҳу нўҳумин зодрўзи ўро базм карда будем. Ин аввалин зодрўзаш буд, ки кумитайи тадорукот аз ҳамдиёриён ороста шуда буд ва онон қарору тасмим гирифта буданд, ки аз ин рўз минбаъд зодрўзи ўро дар ин ё он мавзеъ ҷашн гиранд ва Панҷакат чанд русто дошта бошад, ба навбат ҳар сол яке хидмат кунад. Имсол навбати зимтўдиҳо. Райис Фазлиддин.
Вале чун қарор ногаҳонӣ буд, ҷашни имсоларо дигаргуна омода сохтанд: Афзалшо, Фазлиддин, Комрон, Азизмурод ва Фарҳод, Мастон гузарониданд. Андар боғи канори кўл дўстон гирд омаданд. Ман бояд оши «классикӣ» пазам. Он ҷо қаҳвахонайи хурди навобод низ буд бо номи «Соҳил». Маро хуш наомад. Атрофаш аз сабаби хушксолӣ харобу хазон гашта буд. Дегу дегдонро зери дарахте овардам ва оташ гиронда, чаҳор соат ош пухтам, ки ошпази номийи қаҳвахона дилтанг шуд. Мизу курсиҳоро дуртар бурда, андар хиттайи сабзи зери дарахтон ҷойу дарстархон оростанд. Аз пири кор Холмурод Шарифзода то фарзандони хурди Афзалшо ҳозир буданд ва ҳар кадом хидмат доштанд. Ҳатто Алиакбари дертар омада аз зирбаки ош майли хўрдан кард. Фарҳоду Мастону писарони Лоиқ парвона буданд, ки чӣ хидмате кунанд. Писари Фазлиддин Умед наворбардорӣ мекард. Ва Фазлиддин мегуфт, ки Худо хоҳад «Хазина» месозад.
Ҳоҷӣ Афзалшо ҷилави суханро ба даст гирифт: «Тоҷик, Лоиқ ҳар ду як чизанд. Дар шеър ҳамин гуна қофияҳо ба ҳам омада «кохи баланд» месозанд; чунон ки Фирдавсӣ, ҳамчунон ки устод Лоиқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор